logo

сиёсат

ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз имзои он 20 сол сипарӣ мегардад, шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик аст. Зеро, маҳз ҳамин хиради азалӣ буд, ки муқовиматҳои мусаллаҳонаи солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ на бо зӯри силоҳ, балки аз роҳи музокирот бартараф гардиданд. Халқи тамаддунофари тоҷик зери ҳамин ливо ба иттиҳоди комил даст ёфт ва инак, дар фазои сулҳу субот кишвари азизи мо сол ба сол шукуфону рӯзгори мардум бамаротиб беҳтар мешавад.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа донистанд. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки на танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст.
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат истеҳком бахшид. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон фароҳам омад, ки дар мамлакат ислоҳоти фарогир дар аксари бахшҳо ба роҳ монда шавад. Сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас бо истифода аз низомҳои муосири таълимӣ сифати нав касб кард. Зеро ба хубӣ эҳсос шуд, ки ҳар қадар насли ҷавон маърифатноку босавод шавад, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз  таъмини рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд.                                  
Маҳз дар партави сулҳу субот ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф гардид.
Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва тарбияи наврасону ҷавонон, яъне наслеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст. Ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон тақозо мекунад, ки онҳо бо дарки баланди хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои ба вуҷуд овардани натиҷаҳои арзишманди илмиву эҷодӣ талош варзанд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ зарур аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат иқдоми тоза анҷом диҳем, ҷавонони худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.
Субҳон УСМОНОВ, 
устоди Донишкадаи давлатии санъати
тасвирӣ  ва  дизайни Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 702

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед