logo

сиёсат

ҚАЗОҚИСТОН. ҶОНИБДОРӢ АЗ МАНЪИ РИШУ ҲИҶОБ

 Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев оид ба танзими қонунии фарҳанги либоспӯшӣ ва ришмонии ҷавонон иқдоми тоза рӯи даст гирифта шудааст.

Бар пояи иттилои расонаҳо, пешниҳоди президент оид ба манъи ришу ҳиҷоб феълан мавриди баррасӣ қарор гирифта, шуморе аз намояндагони мақомоти давлатӣ, вакилони порлумон ва ниҳодҳои динии Қазоқистон ҷонибдории худро аз он баён намуданд. Аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумита оид ба корҳои дини Вазорати умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷон Кулекеев дар суҳбат бо шабакаи телевизионии «Остона» гуфтааст, ки вобаста ба пешниҳоди президент омӯзиши афкори умум идома дорад.
Бунгоҳи хабарии tengrinews.kz низ бо такя ба ин манбаъ аз қавли Бакитҷон Кулекеев навиштааст, ки қарор аст, то поёни соли ҷорӣ дар ин бора ба қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид шавад. Вобаста ба ин гурӯҳи корӣ таъсис шуда, ҳамчунин, таҷрибаи дигар давлатҳо омӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон сиёҳпӯшии бонувон, риши салафимонанд ва пӯшидани шими кӯтоҳро ба фарҳанги либоспӯшии худ бегона медонанд. Ба гуфтаи Бакитҷон Кулекеев, ин тасвир дар ҷамъият ташвишовар аст, чунки арзишҳои анъанавии мондагор ва ҷаҳонбиниро аз байн мебарад. «На танҳо Қазоқистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти омехта кардани дин бо сиёсат, ки дар он хусусияти зоҳирӣ аз ҳолати ботинии инсон боло гузошта мешавад, дар ташвиш аст. Масалан, дар Аврупо пӯшидани фаранҷӣ ва ниқобро манъ мекунанд. Дар мо низ ин масъала ба миён меояд. Ҳамааш бояд ба манфиати аксарият ва аз рӯи анъана бошад», - изҳор доштааст Бакитҷон Кулекеев.
Ҳамчунин, Берганим Айтимова, узви палатаи болоии порлумони Қазоқистон қонунан манъ намудани чунин тарзи либоспӯшӣ ва ришмониро зарур мешуморад. Хабаргузории  Informburo.kz. аз қавли ӯ овардааст: «Дар кишвари мо дин аз давлат ҷудост ва Қазоқистон кишвари дунявӣ буда, бояд зери ливои қонунҳои дунявӣ зиндагӣ кунем». Зимнан, идораи муфтиёт ва дигар ниҳодҳои динии Қазоқистон баъд аз пешниҳоди президент ба мусулмонони кишвар тавсия додаанд, ки аз пӯшидани чунин либосҳо ва тақлид ба фарҳанги бегона худдорӣ кунанд ва ба анъанаҳои миллии хеш арҷ гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чанде қабл дар мулоқот бо доираҳои динӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳод кард, ки ришмонии ҷавонон ва худро пурра сиёҳпӯш кардани духтарҳо қонунан манъ карда шавад. - Аз ноогоҳии динӣ ҷавонони мо риш мемонанд, шимҳояшонро кӯтоҳ месозанд, теъдоди духтароне меафзояд, ки пурра сияҳпӯшанд. Ин ҳама ба мардум ва анъанаҳои мо хос нест, - таъкид карда буд Сарвари давлати Қазоқистон.
Аз баҳсу баррасиҳои мавзӯи мавриди назар дар расонаҳои хабарӣ, минҷумла дар ВАО-и Ҷумҳурии Қазоқистон пайдост, ки чунин равия аз таъсири идеологии ҷараёнҳои хатарзо ба миён омада, таҳдид ба манфиатҳои милливу давлатӣ дорад. Вале он танҳо мушкили Қазоқистон набуда, ба дигар давлатҳои минтақа низ бетаъсир нахоҳад буд.
Пайдост, ки пайдоиши равияҳои номатлубе дар мисоли «Салафия», ки нишонаҳои мустақими он дар тарзи либоспӯшӣ дида мешавад, ҳосили рақобати шадиди тамаддунҳо буда, талоше барои соя афкандан ба рӯи  арзишҳои исломист. Ин аст, ки доираҳои мухталифи Ҷумҳурии Қазоқистон талоши роҳбарият ва мақомоти кишварашонро дар амри ҷилавгирӣ аз тақлид ба фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ ва ришмоние, ки аслан хоси пайравони ин ҷараёни номатлуб аст, иқдоми саривақтӣ мешуморанд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 388

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед