иҷтимоиёт
ЛАХШ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ ШУДАНД
Рӯзҳои 22 – 23 апрели соли равон бо сабаби боришоти пай дар пайи борон дар Ҷамоати деҳоти «Сурхоб» - и ноҳия сел фаромада, манзилҳои зист ва иншооти ёрирасони шаҳрвандонро хароб намуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар деҳаи Шилбилӣ сел 6 хонаро пурра ва 6 иншооти ёрирасони сокинонро қисман вайрон сохт. Инчунин, дар деҳаи Домбрачӣ оби рӯд аз соҳил берун шуда, манзилҳои зисти шаҳрвандонро қисман хароб намуд. Бар асари ҳодисаи табиӣ, ҳамчунин, чорвои мардум талаф ёфт. Тавассути андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби масъулони кумита талафоти ҷонӣ рух надодааст.
- Оилаҳои зарардида сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонда, бо хӯроки гарм таъмин карда шудаанд. Бо ташаббуси сокинони ноҳия ва минтақа осебдидагон бо ғизо, либосворӣ ва лавозимоти рӯзгор сари вақт таъмин гардиданд. Ҳамчунин, бо ёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба зарардидагон маводи ниёзи аввалия дастрас карда шуд. Дар мавзеъҳои дигари хавфнок аз ҷониби комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардидааст. Техникаҳои гуногуни боркашу мусофирбар низ омодаи коранд. Дар баробари ин, баҳри пешгирии хавфи ҳодисаҳои табиӣ дар байни аҳолӣ чораҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, - иттилоъ дод Қутбиддин Муродов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Лахш.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2017 №: 85 Мутолиа карданд: 467