logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОРИ ТИЛЛОИИ МО

Шахсиятҳои тобноки варзиш, нерумандони дорои хислати қаҳрамонӣ, ки ба хотири боло бурдани шарафи  худ ва эътибори намуди варзиши худ  ҷон  мекананд, ҳастанд ва кам ҳам нестанд. Ҳатто акнун аз эҳтирому арзиши бештаре бархӯрдоранд.
Яке аз намунаҳои равшантарин Дилшод Назаров аст. Ӯ бозтоби он ҳама хубиҳост, ки ба хотири онҳо мо варзишро дӯст медорем. Ӯ  ҳамаи он сифату хислату ҳунарро дорост, ки даҳсолаҳо ба ин сӯ аз ҷониби ҳаводорони асили варзиш қадр мешаванд.

АСОЛАТ
Мо ҳама бо таҳсину мафтунӣ дар бораи Муҳаммад Алӣ (бокс), Криштиану Роналду (футбол),  Майкл Ҷордан (баскетбол), Усейн Болт (давидан) ва афроди дигари монанди онҳо, ки, сарфи назар аз  носозгориҳои сарнавишт, худро ба дасти худ сохтаанд ва ба қуллаҳои баландтарини мурод расондаанд, хондаем ва меҳри ин бозигаронро дар дилҳоямон ҷо намудаем.
Дилшод Назарови мо ҳам аз ҳамон зумра аст. Зиндагиномаи ӯ, ки маҳз тавассути заҳматписандӣ ва иродаи  шикастнопазири хеш ба сафи беҳтаринҳои ҷаҳон ворид гардидааст,  дар ҳақиқат илҳомбахш аст.
То лаҳзаи охирин дилгармона мубориза бурдан,  ба даъвати майдонталабии  ҳариф посухи дандоншикан  гуфтан, максималист будан, яъне танҳо ва танҳо пирӯзиро қобили қабул донистан,  сифатҳои муҳимтарин барои ҳар як  варзишгар ба ҳисоб мераванд.
Барои Дилшод ҳам ҳар як дафъаи ба майдон баромадан мубориза  аст. Ва рӯҳияи ӯ ба ин мубориза комилан омода аст. Ва ӯ нисбат ба пирӯзии худ ҳамеша хушбин аст.        
Мо дидем, ки дар Олимпиадаи Рио - де - Жанейро  қариб ҳамаи гурзандозҳои беҳтарини сайёра ширкат доштанд: ҳам Кристиан Парши маҷор (қаҳрамони Бозиҳои олимпии Лондон – 2012, ду карат қаҳрамони Аврупо), ҳам Иван Тихони беларус (се карат қаҳрамони ҷаҳон, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин - 2008), ҳам Павел Файдеки лаҳистонӣ (ғолиби ду мусобиқоти охири  қаҳрамонии  ҷаҳон, рақами яки рейтинги ҷаҳонӣ) ва ҳам дигару дигарҳо. Вале ҳузури рақибони оламшумулаш боварии Дилшодро ба пирӯзӣ кам накард. Аз сӯи дигар, аз хондани омори дастовардҳои варзишии Дилшоди мо  ҳам, аҷабе нест, абрӯвони баъзе ҳарифонаш то мобайни пешонӣ баромада бошанд. Бинед, ӯ рақами дуи рейтинги ҷаҳонист, дар Бозиҳои осиёӣ се дафъа -  солҳои 2006, 2010 ва 2014 иштирок намуда, ҳар бор медали тилло ба гардан овехтааст. Аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё низ – солҳои 2009, 2013 ва 2015  се медали тилло ба Тоҷикистон овардааст.  Расо як сол то Олимпиадаи Рио  - моҳи августи соли 2015 - аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон   бо медали нуқра ба Ватан баргаштааст... 
 Аммо лаззати пирӯзӣ дар Олимпиада тамоман дигар аст. Дилшод ҳанӯз онро начашида буд. Вале медонист. Ёд дорам,  як сол пеш, баъди пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё,  вақте «ин дастоварди бузург» - ро ба Дилшод табрик гуфтанд, ӯ иброз дошта буд: «Дар Олимпиада, ки  медали тилло гирифтам, ана он дастоварди бузург мешавад».
Ин ҷумла ҳаргиз аз ҳавобаландӣ набуд. Ин орзуи беш аз бистсолаи Дилшод, балки ҳамаи мо - ҳаводоронаш буд, ки ниҳоят бароварда шуд! Субҳи 20 - уми августи соли 2016 (ба вақти Душанбе) дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейро ба ифтихори пирӯзии Дилшод Назаров Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гашт...

САДОҚАТ БА ВАТАН
Дилшод Назаров баъди пирӯзӣ дар Олимпиада дар суҳбат бо хабарнигори «Р-Спорт», аз ҷумла изҳор доштааст: «Ман хушбахтам, ки кишвари худро соҳиби медали тилло кардам. Аз рӯйи «лайкҳо»-и шабакаҳои иҷтимоӣ тахмин кардан мумкин аст, ки тамоми тоҷикистониён ҳангоми ҳунарнамоии ман бедор будаанд».
Албатта,  бедор  будем. Охир, аз ту қаҳрамонӣ интизор будем. Ту умеди тиллоии мо будӣ.  Ва - чи бахти баланд!  - ки ба ИФТИХОРИ ТИЛЛОИИ МО табдил ёфтӣ.
Ту дигар барои мо ба ҷузъи таркибии вожаҳои олимпиада, қаҳрамон ва ифтихор  мубаддал гаштӣ… 
Ҳамон субҳи 20 - уми август Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон Дилшод Назаровро табрику таҳният гуфтанд. Баробари ба Ватан баргаштан, ин фарзанди шарафманди миллатро бори дигар бо ордени Шараф, ин дафъа дараҷаи як, сарфароз намуданд.
Дилшод Назаров ва модари бузургвори ӯ бо камоли сипос иброз доштанд, ки ин медали тилло ҳосили ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат нисбат ба варзишгарон мебошад.       

МУҲАББАТ БА ШУҒЛИ ДӮСТДОШТА
Ҳамаи ин сифатҳо  муҳаббати самимии Дилшод Назаровро ба Ватан ва садоқати бепоёни ӯро ба гурзандозӣ бозгӯӣ менамоянд. Бовар кунед, одам ба хотири чизе, ки барои ӯ танҳо кор аст, ин қадар ҷон намеканад. Гурзандозӣ барои  ӯ  аниқ, ки танҳо  бозӣ нест.
Арзишҳои анъанавии варзишӣ барои варзиш ҳамеша бунёду такягоҳ боқӣ хоҳанд монд. Маҳз ҳаминҳоянд, ки моро маҷбур месозанд ҳангоми тамошои телевизор ба шабакаи варзишӣ тарҷеҳ диҳем. Маҳорати олии иҷрокунӣ ва  саранҷомҳои ғайри қобили пешбинӣ – ин ҳама дар аксари лоиҳаҳои  дилхушкунанда  ҳам ба чашм мерасанд, вале рӯҳияи воқеии мубориза, эҳсосоти самимӣ ва садоқати беандоза ба парчаме, ки зери он ба майдон мебароӣ, танҳо дар варзиш дида мешавад. Ва дар зиндагӣ.
К. НАВРӮЗӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 374

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед