logo

иқтисод

ДАРВОЗУ ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА ЛИМӮПАРВАРӢ

Тибқи иттилои Носирзода Умеди Саидҷон, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз, минтақаҳои иқлими гарм ва табиати нармдоштаи ин ҷо барои рушди анору анҷиру ток ва лимӯпарварӣ низ хеле созгор мебошанд. Онро олимони минтақаи илмӣ - омӯзишии дашти Роғаки  Институти биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз миёнаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ибтидо гузошта буданд.
Алҳол дар Дашти Роғаки Ҷамоати деҳоти Нулванд бештар аз 40 гармхонаи лимӯ мавҷуд аст, ки ҳосили хуб медиҳанд. Сокинони  деҳаҳои Зиғару  Хостав ва Яхчисор баҳори имсола боз 14  лимӯхонаи нав  бунёд карданд.
Гармхонасозӣ дар рустоҳои Сангевн, Ёгед, Паткуноб, Дуробак, Зингу Умарак, Рузвайи ҷамоатҳои деҳоти Нулванду Қалъаихумб  идома дорад. Ба гуфтаи  Ғозибек Шодиев, сокинони деҳаи Дуробаки Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб, барои сохтани лимӯхона  маводи зиёди сохтмонӣ  сарф намешавад. Ҳамагӣ чанд метр арматура, се - чор халта семент ва ба миқдори зарурӣ маводи  полиэтиленӣ басанда аст.
Аз рӯйи барномаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар заминҳои санглох ва бекорхобида боз  30 гармхона бунёд хоҳад шуд. Таъмини  ниҳолҳои лимӯ, афлесун ва норинҷро барои аҳолии  деҳот кормандони минтақаи илмӣ - таҷрибавии саҳроии дашти Роғак ба зимма доранд.
Ба фикри Амиршо Маҳрамов, доктори илмҳои биологӣ, роҳбари  ин муассисаи илмӣ - таҷрибавӣ, сол то сол зиёд гардидани миқдори  лимӯхонаҳо имконият фароҳам меорад, ки деҳқонони дарвозӣ сокинони шаҳр ва навоҳии Бадахшонро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза  таъмин  созанд.
Дар ин рӯзҳо аҳли деҳоти ноҳияи Ванҷ  ба сабзкорӣ ва ниҳолшинонӣ даст зада, муҳити зистро сабзу хуррам мегардонанд. Майдони боғҳои нав- бунёдро то домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон, расонданд.
Тоҳир Орифов, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, иттилоъ дод, ки имсол боғдорон 90 ҳазор бех ниҳол, асосан себу нок, зардолу, чормағз, амруд, гелосу олуболу мешинонанд. Кишоварзон аз шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва  минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ноҳия  4 ҳазор  бех ниҳол ва тухми гул овардаанд. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 374

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед