logo

фарҳанг

М. МУЗАФФАР: “МУАРРИФИИ МИЛЛАТ МОЯИ ИФТИХОРУ САОДАТ АСТ”

- Навор…Ҳаст! Садо… Ҳаст!  Рааафтееем…
Ин ҳарфҳо аз маҳбубтарин муколамаи бачаҳои деҳаи Амондараи Панҷакент ҳангоми бозии филмбардории кӯдакон буд, ки тирамоҳи соли 2016 аз гӯшаву канори ин деҳаи зебоманзар ба гӯш мерасид.
- Нигоҳ кунед апа, камера ҳам сохтаанд, - бо шавқ хандида мегӯяд Муҳиддини Музаффар. - Медонед маро аз ин тақлидҳои кӯдакон чӣ хушҳол мекунад? Давоми се моҳи филмбардории мо дар ин деҳа чи қадар дунёи орзуҳои кӯдакон тағйир ёфт. Ба шумори бозиҳои ин наврасон филмбардорӣ ҳам дохил шуд.  Бовар дорам, ки ин муҳаббат аз миёни онҳо барои синамои тоҷик беҳтарин актёр, коргардон ва наворбардорҳои хуберо ба воя мерасонад.
Муҳиддини Музаффар коргардони ҷавону умедбахш, директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов мебошад. Хатмкардаи шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, соли 2008 мактаби «Синамо» - и назди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистонро ба ҳайси сенариянавис - коргардон ба итмом расондааст.
Барои Муҳиддини Музаффар муаррифии Тоҷикистону тоҷикон ба оламиён тавассути ҳунару истеъдод мояи ифтихору саодат аст. Сарфароз аст, ки бо гурӯҳи ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи Конибодом бо намоишномаи “Суди девонагон” дар фестивали байналмилалии “Театри эксперименталии академияи Шанхай” ва Осиёи Марказии боз дар Лондон (соли 2016) ва бузургтарин ҷашнвораи театрии Осиё  “Маҳотсав ранг Бҳарат”, ки дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор гардид, ҳунарнамоӣ намудааст. Дар фестивали театрии Лондон барои иҷрои нақши Лир аз намоиши “Суди девонагон” ба гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” мушарраф гашт.
Муҳиддини Музаффар ба синамо шавқу рағбати беандоза дорад. Маҳз бо ташаббуси ӯ соли 2015 киностудияи “Суғдсинамо” таъсис ёфт ва алъон роҳбарии онро бар дӯш дорад. Ин нахустин киностудияи давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар фурсати кӯтоҳ филмҳои банаворгирифтаи ӯ дар як қатор фестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳои махсус гардиданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии “Коса” дар Фестивали Осиёи Марказии боз дар номинатсияи “Беҳтарин коргардон” ғолиб омада, дар фестивали байналмилалии “Навсоз”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филм”  гашт.
- Баъд аз нақш офаридан дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ ман эҳсос кардам, ки ҳунармандони тоҷик аз бозигарони ҷаҳонӣ ҳеҷ камие надоранд. Баръакс он шӯридагиву ҳассосияте, ки дар актёрони тоҷик дида мешавад,  нотакрор аст, - мегӯяд Муҳиддин.
Театру синамо метавонанд ба ҷомеа таъсир гузоранд. Кафка Франс низ гуфта, ки «барои он ки театр ба зиндагӣ такон диҳад, бояд нерумандтар ва пурмаҳсултар аз зиндагии ҳаррӯза бошад». Ин маъниро дар ҷустуҷӯҳо талошҳо ва ковишҳои ин ҷавони ҳунарманд, ки дар ин ҷода оромӣ надорад, бармало эҳсос кардем.
Алҳол Муҳиддини Музаффар ба нахустнамоиши филми нави «Тангно» омодагӣ мебинад. Дар нишасти матбуотии бахшида ба дусолагии таъсиси «Суғдсинамо» офарандаи нақши асосии филми «Тангно» Муҳаммадшариф Раҳматуллоев ба суоли рӯзноманигор, чӣ тавр ба ӯ муяссар шуд, ки бо ин хурдсолӣ аз офариниши нақши марказӣ барояд, посухе дод, ки ҳозиринро мутаассир ва водори кафкӯбиҳо кард:
- Душвор буд, аммо ман дар паҳлуям акои Муҳиддинро доштам. Агар он кас ва «Суғдсинамо» намешуд, ман ҳоло ин ҷо нанишаста будам.
Бале, Муҳиддин мехоҳад муҳаббати синамову театрро дар дили наврасони кишвар ҷой кунад. Бовар дорад, ки театр ва синаморо танҳо бо садоқату ишқи хунар метавон ба қуллаҳои баланд бурд.
- Мо шароиту имконият дорем. Фақат талош кунем ва муваффақ шавем, - мегӯяд ӯ. - Барои ин, мо аз ҳама шароиту имкониятҳои мавҷуда бояд пурсамар истифода барем ва пеш равем.
Навор… Ҳаст! Садо… Ҳаст! Муҳаббат… Ҳаст! Ободиву озодӣ… Ҳаст!  Рафтеееем !!!
Сурайё ҲАКИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 443

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед