logo

иҷтимоиёт

ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНӢ

Ба дидаи ҳар ҷавон дунё пур аз ҷавонист, хоса ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо. Чаро? Чунки диёри маҳбуби мо бо номи Тоҷикистон, сарзамини тоҷикони бонангу ор, дар баробари он ки бостонисту таърихи куҳан дорад, ҷавон аст. Оре, ҷавон мебошад ва синнаш болотар аз биступанҷ мебошад. Ваҳдаташ, ваҳдати миллияш имсол бистсола мешавад, наздик ба умри ман ва ҳамсолонам.
Пойтахти он ҳам – шаҳри Душанбе шаҳри ҷавонон асту шаҳри ҷавонист.

Мо шукр мегӯем. Чӣ гуна нагӯем? Офтоби бахтамон тулӯъ кардаву медурахшад. Дар зери осмони софу беғубор нафас мегирем. Сулҳу амният барқарору таъмин аст. Ягонагии тамоми қишрҳо ва ниҳоду неруҳоро мебинем. Ва, албатта, пеш аз ҳама Пешвои муаззам, Роҳбари дурандешу ғамхор дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дорем. Аз бахту саодати мо меандешад. Ҳамаи имконро фароҳам оварда, то хубу аъло таҳсил бикунему дар оянда соҳиби ин сарзамин, ин Ватани аҷдодӣ бошем.
Ҳолиё ба хотир ва пеши назар меояд, ки барои раҳнамоии мо мегуфт: нашри китобҳои ахлоқӣ, панду андарзномаҳо зарур аст. Бояд мо аз онҳо воқиф бошем.
Бо ташаббусу дастури ӯ ин гавҳару дурдонаҳои мақсуд аз тариқи силсилаи «Ахтарони адаб» дастрасамон гардид. Хондем ва дарёфтем, ки маънии ватандорӣ чист. Фаҳмидем, ки ҷомеа аз мо чиро хостор аст. Дарк намудем, ки дониш бояд биандӯзем, чунки он дар дил чароғи равшан аст.
Ин ахтарони осмони адаб панду андарзамон медиҳанд, ки ахлоқи ҳамида дошта бошем. Пиронро дар ҷавонӣ азизу гиромӣ бидорем, то дар пирӣ дигарон моро азизу гиромӣ бидоранд. Симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пеши назар меояд, ки бо тамкину шукӯҳи хос мегӯяд:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар
бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун
аз дарахти навбар аст.
Албатта, пас аз дарёфту шинохти ин дурдонаҳо бори дигар бовар ҳосил мекунем, ки Пешвои муаззами мо мисли як падар ба меҳрубонӣ ва садоқати бепоён мехоҳад ба қадри ҳар як лаҳзаи ин даврони тиллоии умр бирасем.
Ин солро Соли мо, Соли ҷавонон эълон кардааст. Ин гуна иқдому ташаббуси олиро ҳеҷ кас, ҳеҷ сарваре накарда буд. Дар ҳақиқат, он собиқа, собиқаи таърихӣ надорад.
Эълон шудани Соли ҷавонон бесабаб ва беманфиат нест. Сарвари давлат саҳми мо – ҷавононро дар рушди ҷомеа  ва иштироки фаъолонаамон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба инобат гирифт. Дар баробари он аз мо талаб кард, ки ҳисси баланди миллӣ дошта бошем. Бо ин Ватан, миллат, давлат, забону фарҳанги миллӣ ҳамеша ифтихор намоем ва онҳоро чун гавҳараки чашм азиз ва  нигоҳ бидорем.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мост, ки Пешвои миллат бо таъкид изҳор медорад: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Ба дурустӣ ва нек биандешем: кадом сарваре ин гуна самимона бо мо – ҷавонон ифтихор намудаасту ба мо баҳои баланду сазовор додааст? Не, чунин сарвареро аз таърихи кишвар ҳеҷ ёд надорем.
Ӯ моро ояндаи давлату миллат хондааст. Пас, моро зарур аст, ки ба ин боварии баланди Пешвои муаззам сазовор ва ҳамеша бо ӯ ифтихор дошта бошем.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
хонандаи синфи 11 – и гимназияи № 1 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 577
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед