logo

сиёсат

РИЁКОРИИ ДИНӢ. ПЕШИ РОҲИ ОНРО ТАВАССУТИ ҚОНУН БОЯД ГИРИФТ

Матлабе, ки дар расонаҳои хабарӣ дар робита бо мулоқоти Президенти Ҷумҳурии  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо роҳбарони муфтиёт ва имом - хатибон пахш гардид, такондиҳанда аст. Дар муҳити расонаии мустақили мо чандин сол аст, ки баҳс сари ришу ҳиҷоб ҷараён мегирад ва муаллифон ришмонию сатрдориро ба унвони меъёрҳои шариати мусулмонӣ ва риояи қонунҳои демократӣ ба қалам медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мавзӯи мавриди баҳс кайҳо куҳна шудааст ва он танҳо дар миёни ҷомеаи ақибмондаи Шарқи мусулмонӣ ривоҷ дораду халос. Нурсултон Назарбоев муҳимияти мавзӯи хатари ришмонӣ ва сатрпарастии насли ҷавони қазоқро дарк карда, аз роҳбарони ниҳодҳои динии кишвар даъват ба амал овардааст, ки сари мавзӯи мазкур ва риёкории як гурӯҳи насли ҷавон, ки ришу сатрро маҳаки зиндагии инфиродӣ ва иҷтимоӣ қарор додаанд, андеша кунанд ва дар ин замина, тадобири зарурӣ рӯйи даст бигиранд.
Масъалаи бемуҳтавои ришу сатр, ки зоҳири шариати исломӣ мебошанд ва ба унвони фарзу суннат аз ҷониби муддаиёни исломи сиёсӣ ва динмадорони хурофотмаоб дар маросимҳои мазҳабӣ талаққӣ мешаванд, солҳои охир боиси нигаронии на танҳо роҳбарони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид, балки ҷомеаи мадании осиёию аврупоиро ҳам сахт нигарон сохт.
Воқеан, бегонапарастӣ ба ҳадде дар миёни насли ҷавони Осиёи Марказӣ реша давондааст, ки ҷойи нигаронӣ аст ва бегонапарастӣ тавассути абзорҳои мафкуравӣ, аз ҷумла, ҳамҳамаи ришу сатр, ки шеваҳои таҷрибашудаи рӯҳонияти муҳофизакор ва манфиатхоҳи исломӣ буда ва ҳаст, роҳандозӣ мешавад. Ин аст, ки таҷрибаи мамолики пешқадам, аз ҷумла, Фаронсаро бояд омӯхт,  васеъ истифода кард ва пеши роҳи решадор шудани риёкории диниро дар шакли ришмонӣ ва сатрдорӣ ҳадафмандона гирифт. Дар ин асос, зарурати ба тасвиб расондани санади алоҳидае пайдо шудааст ва бо роҳи қонунӣ ҷилави бегонапарастӣ ва беҳувиятшавии насли ҷавони ҷомеаро  бояд гирифт.
Нодир ЗИЁ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 530

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед