logo

иқтисод

ВАҚТЕ ДАР ҶӮЙБОР ОБ НЕСТ...

Як ҳафта боз Канали калони Ҳисор пуроб аст. Ин нишони он мебошад, ки мавсими нави таъмини оби полизӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии водии Ҳисор сар шуд, сарфи  назар аз он ки ба кишоварзон нисбат ба соли гузашта тақрибан 40 рӯз дертар об дода шуд. Аммо на  ҳамаи шабакаҳои обёрӣ дар минтақаҳо фаъоланд.
Сабабаш агар аз як ҷиҳат сербориш омадани баҳор бошад, аз ҷиҳати дигар сари вақт омода набудани идораҳои дар шаҳру ноҳияҳобудаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ ба мавсими нав мебошад.
- Соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 4875 истифодабарандаи об дар майдони 559328  гектар шартномаи додугирифти обро ба нақша гирифтанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 5777 гектар кам мебошад. Дар ин самт шуъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон (19%), идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии  ноҳияҳои Хуросон (81%), Дӯстӣ  (88%) ва Шаҳринав (89%) камфаъолиятӣ зоҳир намуда, нақшаи шартномабандиро иҷро накарданд. Ҳамчунин, иҷрои корҳои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ҷониби  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Панҷ (30%), Вахш (35%) ва Ҷайҳун (40%) ғайриқаноатбахш ба ҷо оварда шудаанд, - мегӯяд Шафоат Назифов, сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии агентӣ.
Тавре аз гуфтаи ӯ бармеояд, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо ба ин масъалаи доғи рӯз кам аҳамият додаанд. Ҳол он ки моҳҳои марту апрел барои ғаллакорону сабзавоткорон моҳҳои ҳалкунандаи тақдири ҳосил  ба шумор мераваду аз рӯйи таҷрибаи деҳқонони ботаҷриба ҳеҷ вақт боришот ҷойи обёрии заминро пӯшонда наметавонад. Ғаллаи замини обиро ҳатман дар баҳор як – ду маротиба об додан зарур аст. Ногуфта намонад, ки бисёр деҳқонони бетаҷриба ба умеди боришот шуда, аз ҳар як гектар заминҳои обӣ аз 10 то 15 – сентнерӣ ҳосилро аз даст медиҳанд.
Чандин сол аст, кишоварзон аз он шикоят доранд, ки мавсими обёрӣ дер шурӯъ мешаваду киштаҳои пиёзу сабзӣ, караму помидор, бодирингу қаланфур ва ғайра аз беобӣ месӯзад. Танҳо барои он ки оби полизӣ дер сар дода мешавад, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳазорҳо нафар кишоварзон ба кишти барвақтии зироатҳо машғул нашуда, қариб як ҳосилро аз даст медиҳанд.
Семоҳаи якуми соли 2017 ба поён расида бошад ҳам, корҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ дар  шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав  22%, Сарбанд 45%, Восеъ 54%, Ваҳдат 62% ба анҷом расонда шудаасту халос. Ин шаҳодати он аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои шаҳру ноҳиявии беҳдошти замин ва обёрӣ ба мавсими обёрӣ омодагии ҳаматарафа надидаанд. Бояд гуфт, ки ҳар кор мавсими худро дорад ва масъулин бояд онро дар муҳлати муайян ба анҷом расонанд. Моҳҳои марту апрел дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ давраи обхезии дарёҳост. Ҳоло бисёр техникаю мошинолот ба корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ сафарбар шудаанд ва ин кор қариб як моҳи дигар идома меёбад. Дар ин ҳолат масъулони идораҳои беҳсозии замин ва обёрӣ чӣ гуна метавонанд, ки шабакаҳои обёриро пурра омода созанд?
- Дар семоҳаи аввал тибқи дархости кишоварзон ба миқдори 17,2 миллион метри мукааб об бо арзиши 296,4  ҳазор сомонӣ  расонда шуд, аммо, мутаассифона, ҳамагӣ 64 % - и он бо санадҳои додугирифт тасдиқ гардидааст. То 31 марти соли ҷорӣ  аз ҷониби идораҳои  агентӣ корҳои мелиоративӣ  ба маблағи 770 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда, ҳолати 920 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст. Аз ҷумла, 620 гектар аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ, 190 гектар аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 110 гектар аз ҳисоби лоиҳаи Фарғона дар вилояти Хатлон беҳтар карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд, - гуфт дар хотима Шафоат Назифов.
Аммо “гапи хона ба бозор рост намеояд” мегӯянд. Бо ҳисобот киштзори кишоварзонро шодоб намудан ғайриимкон аст. Деҳқон ҳамон вақт ба гирифтани ҳосили фаровон дилпур аст, ки дар ҷӯйи саргаҳи заминаш об ҷорӣ бошад. Инро бояд масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ хуб донанд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 525

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед