logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

27 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
 Дар маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» баъди муҳокима маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода гузориш дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти созишномаи мазкурро дар танзими қувваи кории Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъкид карда, роҳбарони сохторҳои масъули мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъкид гардид, ки имзои ин созишномаи ҳамкории дар сатҳи роҳбарони ду давлати дӯсту бародар мувофиқа гардида, метавонад дар оянда муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду тавсеаи бештар бахшад.
Аъзои Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» - ро, ки ба рушди ҳамкориҳои гумрукӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи иттилоот, содагардонии расмиёти гумрукӣ, табодули таҷриба ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ мусоидат менамояд, муҳокима ва қабул карданд. Лоиҳаи қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа» бошад, ба табодули иттилооти омории гумрукӣ байни кишварҳо нигаронда шудааст ва он имконият медиҳад, ки ҳолати воқеии гардиши тиҷорати хориҷии ҷонибҳо дуруст муайян гардида, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, таҳлили ҳолати рушди воқеии иқтисодиёт, таҳияи баланси савдою пардохт ва риояи қонунгузории андозу гумрук амалӣ карда шаванд.
Сипас дар маҷлис масъалаҳои вобаста ба Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, муқаррар намудани рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи «112» - и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии огоҳсозӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарраи мамлакат баррасӣ шуданд.
Дар маҷлис ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рафти омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017- 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя нагардидани талаботи он махсусан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои Ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин, фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузарондани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пурзӯр намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Таъкид гардид, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.
 Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани мавсими сармо сафарбар намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти баҳорӣ ва тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи обу ҳавои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2017    №: 87    Мутолиа карданд: 2782

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед