logo

фарҳанг

ЁФТАНИҲО. МО БА ОН ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ МЕКУНЕМ?

Ҷойи таассуф аст, ки посухи мо дар маҷмӯъ дар ин маврид мусбат нест. Ҳарчанд ки бояд мусбат бошад. Чаро? Чунки фарҳанги волои миллии динии мо дар дарозои асрҳо мардумро дар рӯҳияи адолатхоҳию адолатгустарӣ тарбия намудааст. Ва миллати моро ҷаҳониён ба василаи ин амали нек, ҷавонмардӣ дӯст медоштанду медоранд. Магар аз матбуоти кишварҳои дигар нахондаем, аз телевизиони онҳо надидаву нашунидаем, ки намояндагон, озодагони миллати мо ҳамёнҳои пур аз пулро ёфтаву ба соҳибонашон ва ё мақомоти дахлдор додаанд? Метавон дар ин хусус мисолҳои зиёд овард. Аммо он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Аслан,  ин ҳама ҳақиқатест, ки исботро намехоҳад.
Таассуфи ин ҷониб аз он аст, ки ҳақиқату сифатҳои нек ва ин гуна қонунҳои навиштаву нонавишта аз миён оҳиста-оҳиста, яъне ба тадриҷ меравад. Ва ин масъала, ки дар асл басо муҳим аст, камтар касонро ба изтироб меорад. Чаро намеандешем, ки бо ин бемасъулиятӣ, бетафовутӣ дар харобии бунёди фарҳанги миллию динии худ саҳм мегирем, саҳме бузург, саҳме чашмрас? Пасиниён аз мо чӣ ибрат хоҳанд гирифт?
Чанд рӯз пештар буд, ки як ронандаи нақлиёти боркаш аз он гилаву шикоят менамуда, ки нафаре ҳуҷҷатҳои ронандагияшро ёфтаву бар ивази он аз ӯ ду ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Албатта, аз рӯи шарҳу тавзеҳаш метавонистааст, ки ин ҳуҷҷатро ба пуррагӣ аз нав намояд, он ҳам дар як ҳазору панҷсад сомонӣ, аммо ташвишу нигарониҳои зиёд дорад.
Миёни ин ронанда ва он нафаре, ки ҳуҷҷатҳои ронандагиро ёфтааст, савдо сурат гирифтааст. Ин қадар муваффақ шудааст, ки ин нархи муқаррарнамудаи ӯро ба сад сомонӣ поён бифарорад. Албатта, ҷойи тааҷҷуб ва нигаронист. Он мард, ки ин ҳуҷҷатҳоро ёфтааст, зиёӣ мебошад ва дар як ниҳоди болоӣ фаъолият мекунад. Аз рӯи вазифае, ки ишғол кардааст, бояд ҳуҷҷатҳоро ба соҳибаш бе талаб кардани маблағи муайяни пулӣ баргардонад. Ба ҷуз ин, ин гуна нархномаро кӣ ихтирову қабул кардааст, то пардохти он ҳатмӣ бошад?
Пешиниён агар чизеро ба тасодуф пайдо мекарданд ё худ меёфтанд, хобу хӯр ва роҳаташонро аз даст медоданд, то зуд соҳиби молро биёбанд. Ва, албатта, ба амонат ҳаргиз хиёнат намекарданд. Ҳар чи зудтар эълон менамуданд, мегуфтанд, ки чунин ё чунон чизеро ёфтаанд. Суроғаи хонаву ҷойи корашонро низ баён медоштанд, то соҳиби чизи гумшуда дар ёфтанашон ранҷи зиёд накашад. Дар ивази ин ёфтаниҳо аз соҳибаш чизе талаб намекарданд. Дар ин маврид чандин ҳадисро ривоят кардаанд. Барои мисол ба яке аз онҳо иктифо менамоем. Аз  ин як ҳам ҳақиқат рӯшани рӯшан мегардад. Он дар «Саҳеҳ» - и Албухорӣ аст, дар «Китоби ёфтаниҳо». Тибқи ин ҳадис, ҳамчунин, агар соҳиби моли гумшуда нишонаи молашро гуфт, мол барояш дода мешавад. Ҳамин тавр, аз Убай ибни Каъб (рз) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамёне ёфтам, ки дар он сад динор буд. Онро назди Пайғамбари Худо (с) овардам. Фармуданд: «Як сол онро суроғ бидеҳ!». Як сол онро суроғ додам ва касеро, ки онро бишносад, наёфтам. Дубора наздашон омадам. Фармуданд: «Як соли дигар онро суроғ бидеҳ!». Як соли дигар онро суроғ додам, вале касеро, ки онро бишносад, наёфтам. Барои бори савум наздашон омадам ва фармуданд: «Зарфи он ва миқдори он ва сарбанди онро ҳифз кун, агар соҳибаш омад (молашро ба вай бидеҳ!) ва агар наёмад, аз он истифода кун!».
Сад динор дар он рӯзгор моли зиёд маҳсуб мешуд. Масъулият низ кам набуд. Ин ҳукму амр ва ҳидояту раҳнамоӣ дар ҳама давру замон пойдор буд. Ин марди шикастанафс ду сол дар суроғи соҳиби мол буд, аммо ӯро пайдо накард. Бо вуҷуди ин аз рӯи ин ҳидояти дуруст агар соҳибашро пас аз чанд сол ҳам биёбад, бар ӯ зарур аст, ки моли ёфтаашро баргардонад. Табиист, ки ёбандаи мол, ё худ ҳамён дар андешаи ёфтани соҳиби он мебошад, на барои як сол, балки барои тамоми умр.
Дар панду андарзномаҳои ниёгонамон низ ин масъала ҳамеша таъкид мешавад. Онҳо дар ин маврид ба хотири ибрати дигарон мисолҳои зиёд, ки аз ахлоқи ҳамидаи пешиниён гувоҳӣ медиҳанд, овардаанд. Пас чаро мо имрӯз низ аз онҳо пайравӣ накунем?
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 419

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед