logo

иҷтимоиёт

ҲАМСОЛИ ВАҲДАТАМ

Ман ҳамсоли ваҳдатам. Соли 1997 чашм ба дунё  кушода, танҳо оромию осоиштагиро дидам ва чӣ будани ранҷу азоби ҷанги бародаркушро намедонам. Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки суҳбати ин мард барои ҷовидонӣ дар замирам нақш баст. Марди рӯзгордида, марде, ки машаққати ҷанги шаҳрвандиро дидаасту заҳри ғарибӣ чашидааст, марде, ки имрӯз талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллатро беҳтару бештар аз дигарон қадр намудаву дар ҳаққаш ҳамеша даст ба дуост.
Суҳбат бо Мирзосафар Кулулов ончунон мароқангез буд, ки то чанд лаҳза аз олами андеша баргашта натавонистам, такрор ба такрор шукр намудам, ки дар замони осоиштагии  кишвар  ба дунё омадаам, азобу машаққати он рӯзҳоро надидам.
- Агар аз рӯи инсоф даст болои дил ниҳода, манзараи ҳақиқати талху шӯри оғози солҳои навадуми асри бисти мамлакатро пеши назар биёрем, бе дудилагӣ хоҳем иқрор кард: Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор доштанд. Аз ҳама азоби сангинро мо, гурезаҳои  ноҳияи Қубодиён, дидем. Даст аз дилу ҷон шуста будем, чунки умеде барои зистан надоштем. Барои мо, гурезаҳо, умеди бозгашт набуд. Дурӣ аз Ватан моро дарун - дарун месӯзонд. Ҳангоми ба хотир овардан вуҷудамро ларзае фаро мегирад, зеро падари ман қурбонии ин ҷанг шудааст. Абри сиёҳе болои сари моро пӯшонда буд. Ҳазорон – ҳазор зану кӯдак аз сардию хунукӣ ба ҳалокат расиданд. Ба ҳар сурат мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон, ки акнун дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Роҳбари нави Тоҷикистон интихобаш намуда буданд. Он рӯз аз радио шунидем, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ваъда доданд: «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам… То як ҳамватан дар хориҷа ғариб аст, ором намехобам». Баробари шунидани садои Эмомалӣ Раҳмон болу пар гирифтем, ҳеҷ умед надоштем, ки чунин рӯзҳо насиби мо мегарданд», - иброз дошт Мирзосафар  Кулулов.
Ҳангоми шунидани ин суханҳо ҳис намудам, ки воқеан ҳам Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, имрӯзи моро сохтанд. Барои касоне, ки он рӯзҳоро надидаанд, мисли афсона менамояд. Вале он афсонаро ман ҷое навишта пеши чашмам нигоҳ медорам, то гузаштаи таърихи миллатамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозам. Ва шукрона аз он намоям, ки замоне ба дунё омадам, кишварамон тинҷу ором аст.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 325

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед