logo

сиёсат

ҶАВОНОН ВА НАҚШИ МЕҲВАРИИ ОНҲО ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо гузашти 20 сол беш аз пеш собит мегардад, ки хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муваффақият дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.

Ин дастоварди бунёдии кишвари мо, ки бо талошҳои бесобиқаи роҳбарияти олии мамлакат ба даст омад, дар оянда метавонад ҳамчун намунаи беҳтарини ба ҳам овардани тарафҳои даргир дар кишварҳои дигари ҷаҳон, ки ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудаанд, хизмат намояд.
Бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию хориҷӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд амнияту суботи кишварро халалдор созанд. Дар ин замина, дар баробари давлату Ҳукумат тамоми сохторҳо бояд таваҷҷуҳи асосиро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон равона сохта, ин қишри ҷомеаро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррӯзаи оила, мактаб ва дигар ниҳодҳои дахлдор бошад.
Ин нукта ба он хотир таъкид шуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Ин моро водор месозад, ки ҷавононро бештар ба зиракиву ҳушёрӣ, худогоҳию меҳанпарастӣ даъват намуда, барои дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ ба камол расондани онҳо дар саросари кишвар заминаи воқеӣ муҳайё созем. Бо назардошти ин, мувофиқи мақсад мебуд, ки ҳангоми амалисозии барномаҳои зиёди марбут ба сиёсати ҷавонон баъзе омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили буҳрони глобалии ҷаҳонӣ, таҳоҷуми фарҳангии кишварҳои дуру наздик ба инобат гирифта шаванд.
Мутаассифона, солҳои охир гурӯҳҳои манфиатдор ба воситаи шабакаи ҷаҳонии интернет барномаҳои махсуси ғаразноки хешро ба хотири таъсир расондан ба шуури шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон хеле зиёд пахш мекунанд. Табиист, ки на ҳама метавонад дурустӣ ва ё нодурустии ин иттилоотро дарк намоянд. Аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки дар мақомоти дахлдор аз ҳисоби намояндагони ВАО гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шавад, ки барномаҳои вокуниширо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намояд. Ин иқдом метавонад ҳадафҳои таҳиягарони барномаҳои ғаразнокро барбод дода, ба ташаккули андешаи созандаи ҷавонон таъсири мусбат расонад.
Гузашта аз ин, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки қисми зиёди мардуми деҳот, бахусус ҷавонон бештар ба тамошои филмҳои таблиғкунандаи фарҳанги бегона таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат, мақомоти дахлдор дар ин самт тадбирҳои муассир андешидаанд. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки пешгирии истеҳсол ва манъи филмҳои таблиғотӣ ҳалли ниҳоии масъала набуда, балки мебояд ин фазои бози маънавиро бо филмҳои дорои хусусияти ватандӯстидошта пур кард. Аз ин рӯ, фурсати он расидааст, ки баҳри пурра бартарафсозии филмҳои тарғибгари падидаҳои бегонапарастию ифротгароӣ ба наворгирии филмҳои ватанӣ роҳандозӣ шавад, то онҳо ба муттаҳидсозии доираҳои васеи ҷомеа, бахусус ҷавонон мусоидат карда тавонанд.
Бо назардошти аҳамияти ин мавзӯъ дар ҳаёти сиёсии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат бори дигар заминаи мусоидро дар кори тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ фароҳам сохт. Ба назари мо, зарурате ба миён омадааст, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба идоракунии давлат, таъмини масъулияти баланди шаҳрвандии онҳо ва пойдории ваҳдати миллӣ барномаи давлатӣ «Дар бораи пойдории ваҳдати миллӣ» қабул карда шавад. Барномаи мазкур метавонад минбаъд сарҷамъии миллати тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавононро дар амалисозии сиёсати давлатӣ таъмин сохта, пеши роҳи омилҳои номатлуби таҳмилии хориҷиро боз дорад. Ҳамзамон, ба таври мунтазам баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни тарғибкунандаи арзишҳои миллии халқияту миллатҳои муқими Тоҷикистонро низ набояд фаромӯш кард. Зеро ин иқдом имкон медиҳад, ки ҷавонон бо фарҳанги халқияту миллатҳои дигар, ки Тоҷикистонро Ватани худ донистаанд, аз наздик шинос шаванд.
Масъалаи дигаре, ки амалисозии он, ба назари мо, таъхирнопазир аст, гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ бо иштироки донишмандони ин соҳа, бо мақсади муайян намудани сатҳи таҳаммулпазирии ҷавонон дар маҳалҳо мебошад. Зеро натиҷаи чунин таҳқиқот имкон медиҳад, ки мо дар ҳар як минтақа на танҳо сатҳи таҳаммулпазирӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллиро дар миёни ҷавонон муайян созем, балки нуктаҳои осебпазирро низ дақиқ намоем. Ин маълумот имкон фароҳам меорад, ки дар вақти амалисозии барномаҳои гуногуни марбут ба соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсусро, пеш аз ҳама, ба кадом минтақа ва маҳал равона созем. Дар амал татбиқ гардидани ин тавсияҳо метавонад дар кори тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, ифтихори ватандорӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ мусоидат намояд.
Сунатулло АНВАРЗОДА,  коршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2017    №: 88    Мутолиа карданд: 1244
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед