logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Инсонҳое, ки умри бобаракати хешро  дар рушди ин ё он соҳа бахшида, аз худ осоре боқӣ  мегузоранд, номи некашон ҳамеша вирди забонҳост.  Зиндагӣ ва кору пайкори чунин нафарон  барои дигарон намунаи ибрат аст. Раҳим Ҳошим - тарҷумон, ва адабиётшиноси советии тоҷик, Ходими хизматнишондодаи илмии  Тоҷикистон аз зумраи чунин нафарон аст.  Ӯ дар пешрафти илму адабиёти  тоҷик нақши созгор дорад.

Солҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият намуданаш, оид ба тозагии забон ва маданияти нутқ мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти адибони форсу тоҷик,  аз ҷумла Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ дар китоби худ «Сухан аз  устодон ва дӯстон» маълумоти фаровон овардааст. Соли 1927 дар якҷоягӣ бо В. Лубенсов ва Шарроф Ҷабборӣ китоби дарсии «Алифбо» - ро таълиф намуданд, ки он дар саводомӯзии хонандагони  давр нақши зиёд гузошт.  «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Сино», «Абурайҳони Берунӣ» аз зумраи китобҳои  дигари таълифнамудаи ӯст.
Раҳим  Ҳошим  ба ҳайси аввалин тарҷумони касбии тоҷик шинохта шудааст. Ҳамзамон, муҳаққиқи барҷастаи назария ва амалияи  тарҷумаи осори бадеии форсӣ - тоҷикӣ ба шумор меравад. Як қатор китобҳои нависандагони ҷаҳониро тарҷума ва пешкаши хонандагон намудааст. «Модар» - и  Максим  Горкий, «Шоҳзода ва Гадо» - и Марк Твен, «Робинзон  Крузо» - и Даниел  Дефо, «Чингизхон» - и Василий Ян аз зумраи китобҳои маъруфи тарҷуманамудаи адиб ба шумор мераванд. Тарҷумаҳояш аз ҷониби  мутахассисони давр  баҳои баланд гирифтаанд. Зеро ба забони таъсирпазир ва зинда тарҷума шудаанд. Ин асарҳо миёни хонандагони тоҷик ҳанӯз  ҳам маълуму машҳуранд.
Дар тартиб додани «Луғати русӣ тоҷикӣ» (соли 1933) ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969) низ саҳми созгор дорад.
Асарҳои  Абулқосим Фирдавсӣ, Маликушшуаро  Баҳор  ва баъзе дигар  классикони  адабиёти  Шарқро  барои нашр омода намудааст. Дар таҳрир ва омода намудани  «Куллиёт» - и Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  низ нақши созгор дорад.
Ҷумҳур ҶАЪФАР, собиқадори соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 610

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед