logo

иҷтимоиёт

ЭЪТИМОД

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017  - Соли ҷавонон эълон гардид.
Ин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, нишондиҳандаи он аст, ки имрӯз, воқеан, дар низоми давлатдории кишвари  соҳибистиқлоламон ба ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро Тоҷикистон давлати ҷавон аст. Ҳисоби миёнаи аҳолиаш 24 - сола буда, 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30 - сола ташкил медиҳад. Такя бар неруи ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги ояндасоз ба мо - ҷавонон, неру ва илҳоми тоза мебахшад, ки барои сазовор будан ба ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат тавассути хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, фарогирии донишҳои замонавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, донистани забонҳои хориҷӣ иқдоми шоистае аз худамон нишон бидиҳем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити мусоид ва дар ин замина таъмини фазои мувофиқ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ба яке аз самтҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфт. Вобаста ба ин,  тавре дар Паём низ таъкид гардид, дар давоми ин солҳо зиёда аз 2500 адад муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд.
Агар то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, алҳол миқдори онҳо ба 39 адад ва шумораи умумии донишҷӯён то ба 170 ҳазор нафар афзудааст. Дар канори ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, то ки ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ба камол расида, барои хидмат ба халқу Ватани хеш, пешбурди соҳоти мухталифи кишвари соҳибистиқлол баргарданд.
Мо – ҷавонон аз ин иқдом нисбат ба насли имрӯз бори дигар бар ин матлаб бовар ҳосил мекунем, ки Роҳбари давлат дар симои ҷавонони бонангу ори кишвар такягоҳ ва созандагони фардои ҷомеа ва неруи ояндасозро шинохтаанд.
Дар баробари ин, ба хотири сазовор будан ба ин боварӣ ва эътимод аз худ ташаббус ва иқдомҳои наҷиб нишон дода, тавассути неруи бузурги ақлонӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм бигирем.
Сайрам ТИЛЛОЕВА, донишҷӯ, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 534
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед