logo

фарҳанг

ОРЕ, ОБИ ДАРИ ХОНА ТИРА НЕСТ

(Чанд сухан дар ҳошияи китоби Абдулқодири Раҳим «Оби дари хона тира нест», Душанбе, 2016, 240 с.)
Муҳтавои китобро маҷмӯи мақолоти муаллиф, ки тӯли ду соли охир (2014 - 2016) дар матбуоти даврӣ нашр гардидаанд, ташкил медиҳад. Ҳарчанд ба мазмуни баъзе нигоштаҳо пешакӣ тавассути рӯзномаҳо, хоса нашрияи «Ҷумҳурият» ошноӣ доштам, таваҷҷуҳам ба матолиби китоб бештар гардид, ки нигоҳам аз матолиб ба матолиб гузашт мекард.
Мутолиаи мақолот бори дигар маро мутмаъин сохт, ки маводи матбуоти даврӣ, чунончи баъзеҳо гумон доранд, «чизи буду набуд» нест. Бо вуҷуди он ки ағлаби мақолоти маҷмӯа ба ин ё он муносибат ва ба ибораи рӯзноманигорӣ вобаста ба талаби давру замон навишта шуда, ба мушкилот ва қазияҳои мубрами вақт марбутанд, аммо ба гумони инҷониб таъсир ва нақши онҳо дер боз дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, дӯстдории Ватан, модару падар, адабиёту фарҳанг ва  гиромидошти арзишҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд. Мундариҷаи маҷмӯаро аз нигоҳи фарогирии масъала ва доираи мавзӯот метавон ба се қисм ҷудо намуд. Қисмати аввал мақолаҳое, ки бевосита ба проблемаҳои муҳими зиндагии имрӯзаи мо иртибот дошта, аз маърифати иҷтимоӣ ва масъулияти касбии муаллиф дарак медиҳанд. Ба ин қисм нигоштаҳои «Ҷаҳолат», «Маъюб», «Қарздорем, қарздорем, қарздор», «Чаро ба мақбарасозӣ дил бастем?», «Чаро аз ростӣ ҳазар мекунем?», «Гароиш ба мафкураи бегона», «Аробакаш», «Чормағзро дар сари худӣ бишканем?», «Ватандорӣ биёмӯзему биёмӯзонем» ва ғайраро дохил намудан мумкин аст.
Қисмати дуюм фарогири нигоштаҳое мебошад, ки аз баъзе лаҳзаҳои таърихи гузаштаи осори адабӣ,  ҳунару истеъдод ва иқдомҳои аҳли фарҳангу санъат ва қалам дар роҳи пешбурди соҳа ва тарбияи маънавию зебоишиносии мардум нақл мекунанд. Ба гунаи «Нашри академикии «Намунаи адабиёти тоҷик» зарур аст», ««Мужик», яъне марди мард», «Аз дилсӯзӣ то ҷасорат», «Дарси ибрат», «Наътхонӣ: агар андак дар ғафлат монем», «Қаламкаш», «Асрори як ҳақиқати бебаҳс» ва ғайра. Қаҳрамонони ин асарҳо ҳамагӣ шахсони фарҳангианд, ки дар ҷодаи худ шуҳратманданд, ҳамеша дар пайи омӯзишанд, рисолати худро дар зиндагӣ хуб медонанд ва иҷрои онро қарзи шаҳрвандиву инсонӣ медонанд.
Нигоштаҳои қисмати дигар хусусияти тақризӣ доранд, ки дар онҳо ҳусну қубҳи асарҳои театриву синамоӣ тариқи таҳлилу баррасиҳо муайян шудааст. Ба мисли «Ҳисор дар «Таърихи нофеъ», «Муаллим», «Зиёдулло Шаҳидӣ дар театри Лоҳутӣ», «Марде аз сарнавишт», ««Гирдоб» як соат вазид», «Бо «Парасту» «Фиғон» омад», «Аз «Субҳи козиб» то субҳи содиқ», «Ҷаҳонгард» ва…. Дар баррасии асарҳои синамоиву намоишҳои театрӣ муаллиф муносибати пажӯҳишӣ намуда, мувофиқи диду тавони худ ба онҳо баҳои холисона додааст. Ӯ аз асарҳои мавриди тақриз камбудӣ намеҷӯяд, балки аз таҳияи филмҳои тоҷикӣ ва намоишҳои хуби ҳунарӣ ба ваҷд меояд, онҳоро ҳамчун муждаи нек қабул менамояд ва дар ин рӯҳия бо хушнудӣ ва ифтихормандона моҳияти онҳоро манзури хонанда мегардонад.
Умуман,  мутолиаи маҷмӯаи «Оби дари хона тира нест» бори дигар хонандаро мутмаъин месозад, ки воқеан, оби дари хона метавонад шаффоф бошад, агар ба он одамвор муносибат кунем. Мутаассифона, мо ба он камтар эътибор медиҳем, ба қадраш намерасем. Дар китоби мавриди баҳси мо ин қадр на танҳо ба донишу маърифат ва ҷуръату тавоноии муаллиф, балки ба кору фаъолияти қаҳрамонони нигоштаҳои маҷмӯа ва ҳосили меҳнату заҳмати онҳо низ иртибот мегирад, ки омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз он ба рӯҳ тавону ба зеҳни хонанда ғизо хоҳад бахшид.
Мурод МУРОДӢ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 495

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед