logo

иҷтимоиёт

ХОКРО ГИРАД, ЗАР ШАВАД!

Дар ҷомеа шахсони зиёде ҳастанд, ки аз пайи меҳнати ҳалолу покизаашон дар зиндагӣ аз худ нақши нек гузоштан мехоҳанд. Ба иҷрои амалҳои хайр мувофиқи тавоноиву ҳиммати хеш камар мебанданд. Яке ниҳол мешинонаду боғ бунёд мекунад, дигаре аз ҳисоби худ мактабе месозад, севумӣ ба як нафари нуқсондор аробачаи маъюбӣ туҳфа мекунад. Қаҳрамони мо, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич Мирсодиқ Комилов низ бо вуҷуди солору нафақахӯр буданаш, домани корҳои накуро раҳо накардааст. Ӯро дар ин деҳаи хушманзар ҳамчун боғбони чирадасту саховатпеша мешиносанд.
Чанде қабл аз ин дар вилояти Суғд ба истиқболи 20 - солагии Рӯзи  Ваҳдати миллӣ 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ эълон шуд. Дар канори ҷӯйборҳо, роҳҳо, талу теппаҳо зиёда аз 3000 дарахти сафедор, бед ва дигар намуди дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки яке аз мададрасонҳои ин кори мондагор Мирсодиқ Комилов аст. Барои ҳар чи зудтар ва осон шудани корҳо  ба воситаи лӯлаҳо аз масофаи 500 метр об баровардааст.
Бо ташаббуси ӯ ва шогирдонаш М. Ҳусейнов, С. Худойбердиев, М. Ёров Р. Ҷонматов дар маҳаллаи Лаби Ҷар оромгоҳ бо биноҳои ёрирасон, ҳавз барои сӯхторхомӯшкунӣ ва боғи сарсабзе дар бари он бунёд шуд. Барои ободии замини оромгоҳ ба он ҷо ҳам хати об кашид.
Бино ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз мо хоки бузургону гузаштагонамонро азиз нигаҳ дорем, фардо ҳатман ояндагони мо низ ба гиромидошти мо мекӯшанд.
Хайру саховат як бахши рӯзгори Мирсодиқ Комилов аст. Чанде пеш ба МТМУ № 6 - и деҳаи Басманда муҳимоти хоҷагидорӣ тақдим намуда, баҳри беосеб гузаштани замистон барои кӯдакон аз боғи Лаби Ҷар 7 метри мукааб ҳезум дод. Хуб аст, агар сафи чунин нафарони хайрандеш ва пирони барнодил зиёдтар гардад. Дар ҳар куҷо ӯро дуову фотиҳаи мардуми Басманда ёр аст. Ба қавли пиронсолон, хокро гирад, зар шавад! 
Раҳматулло ЁРОВ,
мудири муассисаи  таҳсилоти томактабии  деҳаи Басмандаи  ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 337

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед