logo

иқтисод

СУҒД. АФЗОИШИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ВА СОДИРОТ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи семоҳаи аввали соли равон, тавре аз хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расид. Суръати болоравии иқтисодӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 45 дарсадро ташкил дод. Яъне қисмати бузурги маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолии вилоят, ки дар се моҳ ба 2028,4 миллион сомонӣ баробар гардид, маҳз маҳсулоти бахши саноатист.

Истеҳсоли бесобиқаи маҳсулоти саноатӣ ба роҳандозии фурӯши  мол дар бозорҳои нави хориҷии дуру наздик ва боло рафтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намуд. Айни ҳол вилоят бо 41 давлати хориҷии дуру наздик, аз ҷумла кишварҳои Аврупою Амрико робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намудааст, ки дар байни онҳо Русия, Қазоқистон, Туркия, Афғонистон, Тайван, ИМА, Қирғизистон, Чин, Эрон, Покистон ва Италия мавқеи нисбатан муҳим доранд. Ҳаҷми савдои хориҷии вилоят тайи се моҳ ба 454,6 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Беш аз нисфи маҳсулоти саноатии мамлакат дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст. Хусусан корхонаҳои саноатии бахши истихроҷи маъдани вилоят  босамар фаъолият намуда, ба андозаи 818,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд аст. Қисми зиёди истихроҷи маъдан дар ҷумҳурӣ ба корхонаҳои вилоят рост меояд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он 23 корхона фаъолият мекунад (20 корхонаи ватанӣ ва 3 корхонаи муштараки Тоҷикистон бо Туркия, Лаҳистон ва Чин), дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят саҳми арзанда дорад. Дар «Суғд» коллекторҳои офтобӣ, ноқилҳои барқӣ, масолеҳи рангубории сохтмонӣ ва пластикӣ (лӯла, профил, дару тиреза, қуттӣ барои нигоҳдории маҳсулоти мевагӣ, гӯштӣ ва ғ.)  истеҳсол гардида, як қисми он дар хориҷи кишвар ба фурӯш меравад.
Дар ҳудуди вилоят се шаҳри саноатии миллиарддор, ки ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатии онҳо солона беш аз миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шудааст: Гулистон, Хуҷанд ва Панҷакент. Хусусан нишондиҳандаҳои саноатчиёни шаҳри Гулистон назаррасанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли гузашта ба андозаи қариб 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли пешӣ бо нархҳои муқоисавӣ 42,3 миллион сомонӣ ва назар ба дурнамои солона беш аз 633 миллион сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои шаҳр беш аз 30 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоятро истеҳсол мекунанд. Дар шаҳр раванди истеҳсоли маъдан, қолин, металл, орд, масолеҳи сохтмонӣ, неруи барқ ва либос хуб ба роҳ монда шудааст.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 470

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед