logo

иқтисод

ЗАМИН. ЧӢ ГУНА ОНРО ПУРСАМАР ИСТИФОДА БАРЕМ?

Ислоҳоти аграрӣ дар мамлакати мо шароити ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии  истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро тағйир дод. Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ барои мустақилияти деҳқон  имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Деҳқон (кишоварз) бояд ҳар сол аз самараи меҳнати хеш фоида ба даст орад, то боиси ҳавасмандии ӯ гардад.
Ҳарчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) чун намуди хурди хоҷагидорӣ асоси соҳаи кишоварзии имрӯза маҳсуб меёбанд, як қатор проблемаҳои соҳаи  кишоварзии кунунӣ ба рушди устувори онҳо монеъ шуда, боиси самаранок фаъолият накарданашон мегарданд. Масъалаи маҳдудияти дастрасии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба бозор боқӣ мондааст ва шароити номукаммали инфрасохтори он ба монополияи соҳаи савдо таъсир мерасонад.
Майдони кишти зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ  соли 2015 - ум 534,1 ҳазор гектарро ташкил дод. Агар 5 сол пеш ба як хоҷагӣ 9,6 га замини кишт рост омада бошад, пас соли 2015 ин нишондиҳанда ба 4,3 га расидааст.
Имрӯз аксари шаклҳои хурди хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ) пойгоҳи устувори рушд надоранд. Истеҳсолоти соҳаи аграрӣ аз шароити табиӣ – иқлимӣ, аз истеҳсолоти мавсимӣ, муҳлати дарози гирифтани даромад аз хароҷоти истеҳсолӣ вобаста буда, инчунин, танзим нашудани бозори фурӯши маҳсулот ба рушди устувори соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Дар чунин шароит беҳтар аст, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти худро дар бозор ба воситаи кооперативҳо ба роҳ монанд. Кооперативҳои кишоварзиро хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ташкил карда метавонанд.
Таҷрибаи ҷаҳонии рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) нишон медиҳад, ки фаъолияти кооперативии фермерҳо дар соҳаҳои истеҳсолот, таъмин ва фурӯши маҳсулот ба зарурияти нигоҳ доштан ва рушди хоҷагиҳои хурд эҳтиёҷ дорад. Он имкони афзун кардани даромад, беҳсозии шароити меҳнат ва коҳиш додани харҷи истеҳсоли маҳсулотро пайдо мекунад. Талабот ба кооперативкунонӣ чунин аст, ки он дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ба андозаи зиёд шудани теъдоди молистеҳсолкунандагони хурду миёна мустақилона ба худ роҳ мекушояд.
Ташаккули иқтисодиёти аграрии кооперативӣ имконияти муттаҳидшавии истеҳсолкунандагони алоҳида  ва коллективҳоро барои нисбатан самаранок истифодабарии захираҳои заминӣ, меҳнатӣ, моддӣ – техникӣ ва молиявии кишоварзӣ таъмин мекунад. Барои он ки шаклҳои хурди хоҷагидорӣ фаъолияти самаранок дошта бошанд, онҳоро ба ташкили ихтиёрии кооперативҳои аграрии истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулот ҳавасманд намудан лозим аст.
Ҳар сол вобастагии истеҳсолоти кишоварзӣ, аз саноат, ки захираҳои моддӣ – техникӣ тавлид мекунад, зиёд шуда истодааст. Ба ин хотир, рушди бомуваффақияти кооперативҳо аз таъмин кардани афзалиятнокии нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба молҳо ва хизматрасонии саноатӣ вобаста аст.
Мақсади асосии танзими давлатии муносибати самаранок ба замин ин ба пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, муҳити зист ва соҳаҳои аграрӣ мусоидат менамояд. Замин манбаи асосие мебошад, ки тавассути истифодаи оқилонаи он фоида ба даст овардан имконпазир аст. Дар  истифодабарии замин дар шакли хоҷагиҳои деҳқонии хурд ин омил ғайриимкон аст. Он танҳо дар сурати мавҷудияти миқдори зиёди замин сурат мегирад. Яъне, ҳар чи қадар хоҷагии фермерӣ бузург бошад, пойгоҳи моддӣ – техникиаш ҳам мустаҳкам мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми ислоҳоти соҳа мо бояд истеҳсолотро дар асоси қонунҳои рушди иқтисодиёт ба роҳ монем, яъне нақши давлатии танзими замин қавӣ гардад ва соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ ёбад.
Бобо МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 486

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед