logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТЕ, КИ ШОЁНИ ТАҲСИН АСТ

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҳамаи ин вазифаву унвонҳо ба Бахтовар Сафарзода тааллуқ доранд.
Бахтовар Сафарзода ҷавонтарин вакил дар таърихи Маҷлиси намояндагон мебошад. Вай 1 марти соли 2015 ҳамчун номзади пешниҳодшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш № 32 бо дарёфти 90 дарсади овозҳо интихоб мегардад. Он вақт ӯ 31 сол дошт.
Соли 2006 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати аспиранти  шуъбаи рӯзона фаъолияти илмии худро шурӯъ намуда, соли 2010 бо ҳимояи рисолаи  номзадии худ (Қонуниятҳои ташаккули нахустин давлати исломӣ) сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад. Ҳамзамон аз соли 2007 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оғоз менамояд. Аз 31 августи соли 2009 то 2 марти соли 2015 ба сифати мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ интихоб шуда, фаъолият намудааст. Аз 2 январи соли 2014 то 2 марти соли 2015 ба сифати муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ифои вазифа намудааст. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона ҳарф мезанад.
Давоми беш аз ду соли фаъолият ҳамчун вакил ба як қатор санадҳои қонунгузорӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  ҳамчун муаллиф пешниҳодҳо манзур доштааст, ки аксари онҳо пазироии хуб ёфтаанд. Гузашта аз ин, раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар порлумон интихоб шудааст, ки айни ҳол 43 вакил дар он ҷамъ омадаанд. 
Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки фаъолият ва роҳи интихобнамудаи Бахтовар Сафарзода метавонад барои ҷавонони дигар намунаи ибрат бошад. Лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби вакили ҷавон Бахтовар Сафарзода пешниҳод шудаанд, ҳар як ба хотири баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии мардум, масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра таҳия гардидаанд. Инҳо тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.
- Дар фаъолияти қонунгузории вакилон ғайр аз истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, инчунин, ба иҷлосия омода намудани лоиҳаҳои ба кумита вобасташуда низ дохил мешаванд, ки он ҳам заҳмати зиёд ва нозукбиниро талаб менамояд. Дар ин ҷода низ Бахтовар Сафарзода ҳамчун вакили масъул иштироки фаъол дорад, - мегӯяд раиси кумита.
Ба гуфтаи ӯ рисолаи доктории Бахтовар Сафарзода дар мавзӯи «Инъикоси стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 9 октябри соли 2015 дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид, манфиатҳои давлатро дар арсаи байналмилаӣ муаррифӣ менамояд.
Б. Сафарзода рисолаи доктории худро дар синни 32 - солагӣ дифоъ намудааст ва ҷавонтарин доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Доираи таҳқиқоти илмиаш дар бахшҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ буда, муаллифи беш аз 120 маводи илмию таҳқиқотӣ мебошад.
Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонда шудааст, ки «Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (соли 2009), «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2011), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013), Медали ҷашнии «90 - солагии адлияи тоҷик» (соли 2014) аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Шояд хонандаи мо суол диҳад, ки чӣ тавр новобаста аз ҷавон будан ба Б. Сафарзода муяссар гашт, ки ба қуллаи баланд бирасад? Дар ҷодаи интихобкарда муваффақ гардад, эҳтиром, эътимод ва муҳим аз ҳама боварии мардум ва атрофиёнро сазовор шавад?
Албатта, кӯшиш, ғайрат, талош, майлу хоҳиш ва истодагарӣ ҳамеша ӯро ҳамроҳ буданд. Аммо дар ин ҷода барои ноил шудан ба музаффариятҳои бузург бархе аз устодон ба ӯ ёвар буданд.
- Муваффақияти ҳар шахс қабл аз ҳама ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад, - мегӯяд Б. Сафарзода. Гурӯҳе, ки шуморо иҳота мекунад, оилае, ки дар он ба воя расидед, ҳайате, ки шумо дар он кор мекунед, устодону ҳамкасбон, роҳбарону роҳбаладон нисбати шумо бояд хайрхоҳ бошанд. Беҳтареро аз байни бисёрӣ ҷудо кардан ниҳоят мушкил аст. Ва дили васеву нияти некро талаб менамояд, то як нафари хомро пухта кунӣ, ба роҳи рост, муваффақиятҳои пай дар пай ва баъзан, ҳатто ба вазифаҳои аз худ ҳам болотар ҳидоят намоӣ.
Воқеан ҳам донишу заковат ва кордониву ташаббускории  қаҳрамони мо  қобили таҳсин аст. Симои ӯ  сиёсатмадори ояндадорро мемонад. Ба ӯ дар роҳи интихобнамудааш, ки саропо садоқату эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хизмати сазовор ба миллату давлат аст, барору комёбӣ хоҳонем.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 518

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Бишкек. Дар ҳамоиши СААД 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед