logo

сиёсат

БО ГУВОҲИ ТАЪРИХ. ДАР БОРАИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДӢ

Таърих гувоҳ аст, ки агар бо эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудани бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд дар мамлакат ҳуқуқ ва қонун мазмуну муқаррароти нав пайдо карда бошанд, бо расидани ваҳдати миллӣ муҳити созгори татбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсон шакл гирифтанд.

Аз ҷумла, дар фаъолияти мақомоти судӣ, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши марказӣ дорад, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тағйироту пешрафтҳои зиёд ба амал омаданд. Барои мисол, дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан асоси қонунӣ гузоштанд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал кард. Мустақилона ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ дар мамлакат таъмин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба дурустӣ ҳифз шаванд.
Қобили зикр аст, ки таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом шудаанд. Чунончи, қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар се марҳала маҳз бо эҳтимоми Сарвари муаззами давлат сурат гирифта, дар шаклгирии низоми боадолатона ва тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ нақши муассир гузоштанд. Ҳоло «Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -  2017» мавриди амал қарор дорад. Бовар дорем, ки татбиқи босамари барнома барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.
Албатта, бо вуҷуди пешравиҳои назаррас наметавон гуфт, ки камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти судии кишвар пурра аз байн рафтаанд. Нигаронии Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъхири иҷрои қарорҳои судӣ, ки воқеан ҳам яке аз мушкилоти ҳалталаби соҳа ба шумор меравад, мо- кормандони соҳаро вазифадор месозад, ки вобаста ба бартараф намудани ин ва дигар мушкилоти ҷойдошта иқдом кунем. Ба хотири ҳифзи сулҳу субот, таҳкими адолати судӣ ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузошта, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар меҳвари кору фаъолияти худ қарор диҳем.
Астанақул ҚОСИМОВ,
раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Олуфтабону АСКАРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 509

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед