иҷтимоиёт
МУШКИЛРО САҲЛ НАГИРЕМ!
СУХАН ДАР БОРАИ ПАРТОВГОҲИ ЗАҲРХИМИКАТҲОИ НОҲИЯИ ВАХШ МЕРАВАД
Бо вуҷуди иҷрои корҳои муайян дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш он барои муҳити зист ҳанӯз ҳам хавфнок боқӣ мемонад.
Партовгоҳи мазкур 45 сол қабл, соли 1972, дар асоси қарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ташкил шуда, то ин дам дар он беш аз 7 ҳазор тонна заҳрхимикатҳои барои инсон, ҳайвонот ва наботот ниҳоят хавфнок зери хок шудааст. Дар ҳудуди шашгектараи он 45 гӯрхонаи дорои 42 моддаи заҳрогин, аз ҷумла ДДТ-75, ДДТ-25 (дуст), тиодан, омайт, бутифос, нитрофен, БИ - 58, фозолон ва ҳоказо вуҷуд дорад. Партовгоҳ аз маркази ноҳия 16 километр дуртар, дар мавзеи Тошробод, воқеъ гардида, масофа миёни он ва қишлоқи наздиктарин 8 километрро ташкил медиҳад.
Ин заҳрхимикатҳо, ки замони шӯравӣ асосан ба хотири муҳофизати пахта аз ҳашароти зараррасон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Ҳиндустон, Украина ва Озарбойҷон ворид мешуданд, дар ҷойҳои муайяни навоҳии Конибодому Тоҷикобод ҳам бидуни риояи талаботи экологию санитарӣ гӯронда шудаанд.
Вақте 28 - уми марти соли 2017 ба марзи партовгоҳ по ниҳодем, мушоҳида шуд, ки дар қиёс аз боздиди нахустинамон (соли 2009) дигаргуниҳои мусбат ба амал омадаанд. Атрофи партовгоҳ маҳкам карда шуда, он бо камераҳои назоратӣ, хати алоҳидаи барқ ва оби истеъмолию полизӣ таъмин гардида, барои нигоҳдории заҳрҳои кимиёӣ, ки аз дигар ноҳияҳо интиқол дода мешаванд, анбор сохта шудааст.
Бино ба гуфтаи масъулон, вазъ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳо тайи се соли охир хеле беҳтар гаштааст.
Минҷумла, дар яке аз нишастҳои хабарӣ раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло гуфт: “Партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳия солҳои зиёд вазъи ногувору хатарзо дошт. Мо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ атрофи онро маҳкам карда, барои нигаҳдории заҳрхимикатҳое, ки дар халтаҳо оварда шудаанд, анбор сохта, дар масоҳати панҷ гектар дарахтони гуногун шинондем”.
- Ба гуфтаи сарвари партовгоҳ Саидқул Достиев ин ҷо заҳрхимикатҳое гӯронда шудаанд, ки тибқи Конвенсияи Стокҳолм истеҳсол, фурӯш ва истифодаашон манъ буда, қобилияти зараррасонияшон пас аз 100 сол ҳам боқӣ мемонад. То соли 2015 ин мавзеъ беназорат монда буд, мардуми маҳаллӣ ҳам мол мечаронданду ҳам заҳрхимикатҳоро аз гӯрхонаҳо бурда, дар боғу киштзорҳои худ истифода мекарданд.
Муовини сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҳабибулло Қодиров, иброз дошт, ки солҳои 2008-2010 партовгоҳи заҳрхимикатҳо ба мувозинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ гузашт ва он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, ки солиёни дароз ба пажӯҳиши партовгоҳҳои заҳрҳои кимиёии кишвар машғул аст, танҳо бо симдевор маҳкам кардани ин мавзеъро нокифоя медонад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ гӯрхонаи заҳрхимикатҳо бояд бо бетон маҳкам карда шавад. Аммо беҳтар мебуд, агар заҳрхимикатҳо бо усули махсус сӯзонда шаванд. Чунин имкониятҳо дар Олмон ва Фаронса мавҷуданд, лекин барои интиқоли заҳрхимикатҳо ба ин кишварҳо маблағҳои зиёд заруранд. Биноан, мо метавонем таҷрибаи Озарбойҷонро истифода барем. Яъне, бояд гӯрхонаҳои заҳрхимикатҳоро аз шаш тараф бетонпӯш намоем. Ин ба он хотир аст, ки шамол чанги онҳоро ба муҳити зист паҳн насозад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2017 №: 89 Мутолиа карданд: 428