logo

сиёсат

ГУЛИСТОН. АГАР ОРОМӢ НАМЕШУД...

Қубодиён дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз зумраи ноҳияҳои осебпазир ба шумор мерафт. Бисёр оилаҳо, махсусан аз деҳаи Гулистон соли 1992 бар асари даргириҳои дохилӣ ва ноамнии минтақа, тарки манзил намуда,  ба кишвари ҳамсоя фирор карданд. Танҳо аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва фаро расидани оромӣ ва сулҳу субот онҳо тавонистанд ба манзили зисти доимиашон баргарданд ва хонаю дари худро обод созанд.
Сокинони деҳаи Гулистон, бавижа онҳое, ки шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд, аз сидқи дил ва самимияти беандоза аз шароити мусоиди зиндагиашон шукргузорӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки дар давоми бист соли ваҳдати миллӣ бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти мардуми минтақаи осебдидаи ҷанг дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ноҳия ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ комёб гардид. Танҳо ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз 221 миллион сомонии соли 2004 дар соли 2016 ба 700 миллион сомонӣ расидааст. Воқеан, ҳоло дар деҳаи Гулистон - яке аз маҳаллаҳои асосии гурезагон ва макони харобгаштаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ раванди омодагиҳо ба истиқболи 20 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ шукӯҳи хоса дорад. Дарахтзори бешумор, майдонҳои фароху хуррами кишт, биноҳои хуштарҳи маъмурию хизматрасонӣ ва истиқоматӣ деҳаро зеб медиҳанд, ки бешак аз баракати сулҳу ваҳдат аст.
Ба гуфтаи мӯсафедони деҳа, он солҳо вазъият хеле мураккаб буд. Баъзеҳо аз гуруснагӣ ҷон доданд, занону кӯдакон ба ҳар ҷониб пароканда гардиданд. Тақрибан шаст ҳазор гуреза ҳангоми фирор ба кишвари ҳамсоя - Афғонистон дар соҳили дарёи Ому мавриди тирпарронии бадхоҳони миллат қарор гирифтанд. Аз ин дарё гузаштан бисёр мушкил буд. Касе тавонист бо машаққати зиёд онро убур намуда, ҷон ба саломат бурд. Аммо, бархе дар дарё ғарқ шуданд.
Хайруллоҳ Музаффаров, яке аз муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, изҳор дошт, ки оромию осудагии Ватанро мардуми фирорӣ дар он рӯзҳои ғарибӣ чун обу нон интизор буданд. Мавсуф зикр кард, ки моҳи ноябри соли 1992, дар натиҷаи авҷ гирифтани даргириҳо сокинони деҳа, тақрибан 600 хонавода ва аз минтақаҳои дигар ҳазорҳо оила ба воситаи дарёи Ому роҳи гурезро пеш гирифтанд. Вақте дар лаби дарё анбуҳи гурезагон бо азоби алим аз чарху тахтачӯб ва қисмҳои дигари мошинҳои боркаш аз болои рӯд гузаргоҳ месохтанд, силоҳбадастон сӯяшон оташ кушоданд. Ҳама дар таҳлука буданду ба он ҷониби Ому мешитофтанд. Дар ҳамон шабу рӯзҳо миллат ба як шахсияти дурандешу ғамхор ва ватандӯст  сахт ниёз дошт. Ба бахти халқи тоҷик вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сиёсатмадори ҷавон ва ба қавлаш устувор Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд. Аз нахустин рӯзҳои сарварӣ Эмомалӣ Раҳмон тарафҳои даргирро ба музокирот даъват намуд. Баъди ба эътидол омадани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ гурезаҳо ба Ватан баргаштанд ва имрӯз зиндагии хушу хуррамона доранд.
Ҳарфҳои дилсӯзона ва содиқонаи Сарвари давлат  дар мавриди таъмини осудагию оромии мамлакат тариқи барномаи «Хоки Ватан» - и радиои Тоҷикистон  низ ҳазорҳо ғариби аз Ватан дурафтодаро ба зиндагии осуда дилгарм месохт. «Як бурда нонеро, ки дорем, бо ҳам мехӯрем», «То як гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунам» ва «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам» аз ҷумлаи ҳарфҳое буданд, ки дар он солҳо марҳами дили мардуми ғамзада гардиданд. 
- Вақте мардуми фирорӣ баъди пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳа баргаштанд, манзилҳои зисти онҳоро харобу валангор карда буданд. Сокинон бо гузашти муддати кӯтоҳ дар фазои сулҳу амонӣ тадриҷан хонаҳояшонро ободу зебо сохтанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки тӯли 20 соли ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагии аҳолии Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» баланд шуда, дараҷаи камбизоатӣ наздик ба 70 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти зироатҳо наздик ба 4000 гектар, боғ зиёда аз 300 гектар, токзор 130,3 ва писта ба 25 гектар расонда шудааст, - изҳор дошт Иззатуллоҳ Хоркашов, яке аз гурезагони солҳои 1992 - 1997.
Айни замон Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» дорои 412 хоҷагии деҳқонӣ ва 427 гектар замини ёрирасони президентист. Ҳоло мардуми он осудаву ором ва дар фазои дӯстию бародарӣ ҳаёт ба сар бурда, дастархони пур аз нозу неъмат доранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2017    №: 89    Мутолиа карданд: 583

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед