logo

иҷтимоиёт

РОҲАТУ РАНҶ ЧУН БУВАД ГУЗАРОН...

Роҳату ранҷ чун бувад гузарон,
Ранҷ каш баҳри роҳати дигарон.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ватан… Ватан бо фарзандони худ зебост, бо фарзандони барӯманду фозил, фарзандони баору номус, ки шукуфоиву сарсабзияш натиҷаи кору пайкор ва самараи обилаи кафи дасту арақи ҷабини онҳост. Дар ҳамин радиф метавон аз Наҷмиддин Аюбов ёд кард, ки ҳамчун фарзанди содиқ ва бовафои ин сарзамини аҷдодӣ зиндагиномааш пур аз саҳифаҳои дурахшонест дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корномаҳои Наҷмиддин Аюбов соли 2001 баҳои баланд дода, зиндагиномаи ӯро намунаи барҷастаи хизмату садоқат ба Ватану халқ эълон дошта гуфта буданд:
«… Чун Наҷмиддин Аюбов инсонҳои содиқ ба халқу Ватан, кордону поквиҷдон дар сад сол як маротиба аз модар зоида мешаванд. Аз таҷрибаи ғании онҳо бисёр чизҳоро бояд омӯзем. Зеро Наҷмиддин Аюбов ба маънои томаш академикест, ки ба баланд бардоштани соҳаи хоҷагии қишлоқ дар миқёси ҷумҳурӣ ноил гаштааст. Тамоми ҳастии он  кас, хазинаи бебаҳост…».
Барои Наҷмиддин Аюбов дар корҳои ободонӣ, созандагиву сарсабзиҳои диёр ибораи «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» бузургтарин панд буд. Шахси заҳматкашу пуртоқат ва қавиирода будани Наҷмиддин Аюбов, ки гармиву сардиҳои зиндагиро бо азму иродаи шикастнопазир ва рӯҳбаландии фурӯтанона паси сар мекард, бори дигар дар фаъолияти роҳбариаш ба ҳайси сарвари корхонаи байнихоҷагии чорвофарбеҳкунии ба номи Фрунзеи ноҳияи Ҳисор аён гашт. Агар хоҷагӣ соли аввали таъсисёбиаш ба давлат ҳамагӣ 163 тонна гӯшт фурӯхта бошад, таҳти сарварии Аюбови чашмикордону заҳматпеша ин андоза ба 1300 тонна расид. Вазни миёнаи чорво 476 килоро ташкил дод, ки дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб мерафт.    
Наҷмиддин Аюбов тавассути меҳнати ҳалолу хидматҳои арзандааш аз ҷониби давлат бо мукофотҳои олӣ - орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму саноат ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Ӯ аз зумраи фарзандони ранҷбару хоксоре буд, ки бори зиндагиро бо сабру таҳаммул бар дӯш мекашанд. Баробари ифои вазифаҳои гуногун ба ҳайси сардори раёсати кишоварзӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Шаҳринав тамоми таҷриба ва дониши худро баҳри рушди иқтисодиёт, хусусан соҳаи хоҷагии қишлоқ равона сохт.
Оғози асри ҷадид, асри XXI барои Наҷмиддин Аюбов - асри корномаҳои тоза, асри ҳидоятгари имрӯзу фардои умедбахш ва фатҳи қуллаҳои нави созандагиҳову бунёдкориҳо гардид. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ фаъолияти хоҷагиҳои ноҳия, ки наздики касодшавӣ буданд, ба тартибу низом дароварда шуданд, моликияти ҷамъиятӣ аз талаву тороҷ эмин монд, дар хоҷагиҳо ислоҳоти сохторӣ амали худро ёфт. Аз субҳ то шом дар саҳро, дар бари деҳқонон буд. Хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳамдиёрон орзуи ҳамешагии ӯ буд.
Бо иқдому ташаббусҳои Наҷмиддин Аюбов шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ки ҳамчун падидаи нек барои баланд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии деҳот баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буданд, роҳандозӣ шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия баробари истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани маҳсулоти чорво дар таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.
Соли 2002  хидмати шоистаи  Наҷмиддин Аюбов бо мукофоти олии Ватан – ордени Исмоили Сомонӣ қадр гашт.
Наҷмиддин  Аюбов - марди  шарифу рӯзгордида, инсони фозилу меҳнатзода, сарвари корвони  орзуҳои  мардум буд, маҳз бо иқдому ташаббус, талошу заҳматҳояш зиндагии мардум, симои деҳот рӯ ба беҳбудӣ  овард, масъалаҳои иқтисодиву  иҷтимоӣ сари вақт баррасӣ ва ҳал мешуданд.
Наҷмиддин Аюбов ҳаёти худро бе шукуфоии Тоҷикистон тасаввур карда наметавонист. Ӯ фарзанди фарзонаи Ватани маҳбубаш - Тоҷикистони соҳибистиқлол буду ба қадри Ватану ватандорӣ, истиқлолияту давлатдории миллӣ мерасид ва бо хонаи ободу рӯи сурх, сари баланди ҳамдиёрон, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ корномаҳо нишон медоданд, ифтихор мекард.
Шавкати МУҲАММАДӢ,
барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 548

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед