logo

иҷтимоиёт

ЛЁТЧИК

То он ки тайёраро аз наздик бубинад, дар дил меҳри идора кардани онро мепарварид. Ва аҷибу ҳайратовараш он аст, ки ӯ дар домани кӯҳи баланд дар деҳаи Дашти Майдони ноҳияи Балҷувон, ки даҳҳою садҳо километр дур аз фурудгоҳу аэродромҳо воқеъ аст, дар оилаи коргари одӣ ба дунё омадааст.
Ҳамон ҷо айёми тифлию наврасияшро гузаронд ва муассисаи таҳсилоти миёнаи асосиро бомуваффақият хатм кард. Устодонаш аз ӯ бо ифтихор ёдовар мешаванд ва мегӯянд, ки шогирдашон ҳанӯз аз айёми наврасияш суҳбатро дар бораи тайёра дӯст медошт. Ба саволи онҳо дар оянда кӣ мешавӣ,  Нисориддин ҳамеша кӯтоҳ, вале ҷиддӣ ҷавоб медод: «Лётчик!». Агарчи рафтору гуфтор ва хонишу донишаш шоистаю аъло буд, вале дар оянда ҳавонавард гардиданашро як орзуи дастнораси кӯдакӣ мепиндоштанд. Бо вуҷуди ин, касе ба фарқи орзуҳояш муште намезад, баръакс рӯҳбаланду дилпураш месохтанду таҳсину офаринаш мегуфтанд.
Дар вақти мактабхонӣ бештар ба фанҳои дақиқ – математика, геометрия, химия, физика, биология ва дар баробари онҳо ба забонҳои хориҷӣ ва тарбияи ҷисмонӣ мароқ зоҳир мекарду аз ин фанҳо баҳои аъло мегирифт. Бо рафтор ва одобу ахлоқи ҳамидааш намунаи ибрати дигарон буду бо ҳушёрию зиракӣ ва чусту чолокиаш аз дигар хонандаҳо бартарӣ дошт.
Вадудов Нисориддин мактаби нуҳсолаи деҳаашро хатм карду соли 2010-ум  ҳуҷҷатҳояшро ба литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа супурд ва аз санҷишу имтиҳонҳо сарбаландона гузашта, барои амалӣ гардидани орзуҳояш заминаи боэътимод гузошт.  Дар литсей ӯ аз рӯзҳои аввал худро ҳамчун донишҷӯи бозаковат ва лаёқатманд нишон дода, дере нагузашта миёни ҳамсабақону омӯзгорон бо донишу малака ва одоби ҳамида обрӯву эътибори хоса пайдо кард. Тартибу низоми муайяншударо риоя ва супоришҳоро саривақту босифат ба иҷро мерасонд.  Донишу қобилият, садоқат ва ҷасурию далериашро ба инобат гирифта, соли 2012 - ум барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи олии ҳарбии ҳавоии шаҳри Краснодари Федератсияи Русия роҳхат доданд. Яъне, ба қуллаи мурод ва ба хонаи орзуҳояш. 
Нисориддин Вадудов айни ҳол дар курси панҷуми ин донишгоҳ дар ихтисоси сарнишини тайёраи ҳарбӣ идомаи таҳсили илм ва сайқали истеъдоду ҳунар дорад. Ва, ҳамзамон, бо ибрози шукрона инро низ дарк мекунад, ки дар Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои таҳсилу омӯзиш муҳайё гардида, дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯ дари донишкадаю омӯзишгоҳҳои мамолики хориҷӣ низ ба рӯйи ҷавонони тоҷик боз аст. Ҷавонони мо имконият доранд, ки берун аз марзи кишвар ҳам таҳсили илм намуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд.  Нисориддин Вадудов аз ҷумлаи чунин ҷавононест, ки бо истифода аз ин имконият дар хориҷи кишвар илму ихтисоси муосиру замонавӣ меомӯзад. Чуноне ки худи ӯ иброз намуд, вай дар тайёраҳои ҳарбии тирандози Су - 27, Су - 37 ва МиГ - 29 ихтисоси сарнишин – нишонзанро аз худ намуда истодааст.  Ин ҷавони далери тоҷик, ки дар домани кӯҳи баланди Тоҷикистон ба дунё омадаю ба воя расидааст, акнун соли сеюм аст, ки тайёраро ба осмон бароварда, ҳангоми машқҳои ҳарбӣ тирҳоро бехато ба ҳадафҳои эҳтимолӣ мерасонад. Нисориддин мақсаду орзуи онро дорад, ки баъди хатми Донишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ ба Тоҷикистон баргашта, дар Қӯшунҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орад. Ӯ хушбахт аз он аст, ки ба орзуҳояш расид ва шукр аз он менамояд, ки ватане  орому осуда чун биҳишт - Тоҷикистони азизро дорад.
Муҳаммади ШОҲ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 439

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед