иқтисод
ҶДММ "АДЛ". НАХУСТИН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ БОЗИЧАҲОИ КӮДАКОНА
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Адл», воқеъ дар шаҳри Истаравшан, дар ҷумҳурӣ ягона буда, барои кӯдакон маҳсулоти хушсифат ва пурбардоштро истеҳсол мекунад. Он аз соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, дар як сол ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Айни ҳол дар сехҳои корхона 15 номгӯи бозича, аз қабили - мошинчаҳои бачагона (самокат), сечарха (велосипеди кӯдакона), нақлиёти автомобилии моделҳои 606 ва 608 (ду намуд), аробачаҳои чорчарха (коляска), гаҳвора (колибел), роҳпаймо (ходоног) ва 3 – 4 навъи велосипеди дучарха истеҳсол мегардад.
Корхона навтаъсис бошад ҳам, аллакай дар бозор мавқеи худро пайдо намудааст. Зеро маҳсулот дорои кафолат буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хеле мустаҳкаманд. Яъне пластикаи маҳсулоти истеҳсолмешуда нисбати дигар мошинчаҳои пластикӣ ғафстар ва ба зарба тобовар мебошад. Тирҳои чархҳояш аз металл, ки кафолати солҳои тӯлонӣ истифода шуданашро таъмин мекунад, сохта шудаанд. Аз рӯи сифати худ ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Мошинчаҳои бачагона аз пластмассаи махсуси сифатнок истеҳсол шуда, зоҳиран низ хушнамуд мебошанд. Дар пушти мошинчаҳо дастаи махсусе часпонда шудааст, ки барои тела додан аз ҷониби калонсолон мувофиқ аст. Мошинчаҳои барои кӯдакони хурдсол пешбинишуда дар худ рули идоракунии садодор (сигналдор) ва курсии мулоим ва қулайро дорад. Дар лавҳаи пеш (панели назди рул) тугмаҳои фаъолкунии мусиқӣ ва садоҳои махсус ҷойгир карда шудааст, ки ҳангоми пахш намудани кӯдак мусиқии форам садо медиҳад. Ин гуна мошинчаҳо на танҳо барои сайру гашт ва ҳаракат кардан омода шудааст, балки онҳо бозиҳои дигари кӯдакона низ доранд, ки ба кӯдакон завқи зиёд ва хушҳолӣ мебахшад. Онҳо, ҳамчунин, ба саломатӣ фоидабахш буда, ҳамчунин мушакҳои бадани кӯдакро мустаҳкам месозанд.
Роҳбарияти ҶДММ «Адл» ният дорад, ки дар деҳаи Ҷарқӯрғони Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан корхонаи нави истеҳсолиро бо иқтидори бештар ба роҳ монад. Бо ин васила мехоҳанд маҳсулоти босифат ва бехатарро истеҳсол намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2017 №: 90 Мутолиа карданд: 671