logo

иҷтимоиёт

РИШВА. НАФС БОЗ БАР ДУИ ДИГАР ҒАЛАБА КАРД

Аҳмад Сафаров аз моҳи майи соли 2015 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода фаъолият карда, бо мақсади ба даст овардани даромад бо роҳи фиреб бо сармуҳосиб Иброҳим Ҳасанов даст ба ҷиноят заданд.
Дар ин муассисаи давлатии таълимӣ донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои ҳамшираи тиббӣ, момодоя, дандонсоз ва фармасевт таҳсил мекунанд. Ин боргоҳи таълимӣ 17 майи соли 2016 аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, шуъбаи дорусозиро ба роҳ монд ва қабули донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои шартномавӣ бо роҳи супурдани имтиҳони хаттӣ (диктант) аз фанни забони тоҷикӣ ва тариқи тестӣ аз фанҳои химия, биология ва ҳуқуқ ба нақша гирифт.
Директор ва сармуҳосиб аз мақоми хизматии худ суистифода намуда, аз волидони довталабони шуъбаи дорусозӣ бо ваъдаи мусоидат ба дохил шудани фарзандонашон, гӯё барои таъмири толори варзишии муассиса маблағҳои пулӣ талаб карданд.
Чунончи, моҳи сентябри соли 2016 И. Ҳасанов аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо директор аз шаҳрванд С. Сафаров барои мусоидат ба қабули фарзандаш ва бо баҳонаи саҳм гузоштан дар таъмири толори варзишии коллеҷ маблағи 6000 сомонӣ гирифт. Шаҳрванд Г. Худоёрова низ барои дохил кардани фарзандаш ба сармуҳосиб муроҷиат кард. Номбурда бо ҳамин шева аз ӯ 6000 сомонӣ талаб карда гирифт. Ришвахӯрон, ҳамчунин, аз шаҳрвандон Д. Достиев ва М. Рӯзиев, аз ҳар яке шаш ҳазор сомонӣ ва аз Н. Кулонов панҷ ҳазор сомон талаб карда гирифтанд.
Аввалҳои моҳи сентябри соли 2016 шаҳрванд Н. Алиева барои дохил кардани духтар ва ҷиянаш ба курси якуми гурӯҳҳои шартномавӣ аз рӯи ихтисоси дорусозӣ ба директори муассиса муроҷиат кард. А. Сафаров  аз ӯ маблағи 8000 сомонӣ барои ҳар нафар талаб намуд. Н. Алиева ба мусоидат кардани директор барои дохил гардидан ва таъмир кардани толори варзишӣ лозим будани маблағи талабкардаро бовар карда, розигии худро дод. Духтар ва ҷиянаш имтиҳонҳоро супурда, ба курси якуми гурӯҳҳои шартномавӣ дохил гардиданд. Баъди супурдани имтиҳонҳои қабул маълум шуд, ки он довталабоне, ки аз волидонашон маблағи пулӣ гирифта шудааст, бо дониши худашон аз имтиҳонҳо гузашта, ба коллеҷ дохил шудаанд. Маблағҳои аз волидони ин донишҷӯён гирифтаро директор ва сармуҳосиб ба манфиати шахсиашон харҷ кардаанд.
25 январи соли 2017 дар натиҷаи гузарондани амалҳои тафтишотӣ сармуҳосиб И. Ҳасанов пас аз гирифтани ҳашт ҳазор сомонӣ аз Н. Алиева дастгир ва далели шайъӣ дарёфту мусодира гашт.   
Пас аз ошкор гардидани ҷиноят зарари расондашуда аз ҷониби А. Сафаров ва И. Ҳасанов ба шаҳрвандон баргардонда шуд.
Суди шаҳри Турсунзода  таҳти раисии Д. Ализода парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба директор ва сармуҳосиби ин муассисаи таълимиро баррасӣ намуда, онҳоро бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати дусолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин, Аҳмад Сафаров ва Иброҳим Ҳасанов бо ҳукми суд ҳар кадом ба андозаи 1460  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 73000 сомонӣ, ба фоидаи давлат ҷарима шуданд.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 445

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед