logo

иқтисод

АНОР. ЧӢ ГУНА БОҒҲОРО АЗ НОБУДӢ ҲИФЗ НАМОЕМ?

Анор меваи лазиз ва дармонбахш, яъне дорои хосиятҳои табобатӣ буда, дар саноати хӯрокворӣ ва техникӣ низ истифода мешавад. Ҳамин аст, ки талаботи бозор ба меваи анор ҳамеша афзоянда боқӣ мемонад. Мутаассифона, бо вуҷуди дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани бунёди боғҳои нав, таъмири боғҳои пешина ва мавҷудияти хоҷагиҳои зиёди ниҳолпарварӣ, дар байни боғдорон норасоии ниҳолҳои навъҳои серҳосилу босифат ба хубӣ эҳсос мешавад.
Хоҷагидорон ва деҳқонони инфиродӣ аз нарасидани ниҳолҳои босифату серҳосил ноилоҷ боғҳои худро бо ниҳолҳои ғайристандартиву пастсифат пур мекунанд, ки дар оянда сабаби камҳосилӣ мегардад. Дар нишондодҳои оморӣ анор ба гурӯҳи меваҳои субтропикӣ дохил  мешавад. Ба назари мо, дар оянда муайян сохтани роҳҳои самаранок истифода бурдани заминҳои санглоху камоб, ки боғҳои анор асосан дар  ин заминҳо бунёд мегарданд, аз фоида холӣ нест. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ 400 гектар боғи анор мавҷуд буд ва ҳамагӣ 320 тонна меваи анор ҷамъоварӣ шудааст.
Солҳои 90 - уми қарни гузашта дар ҷумҳурӣ зараррасони нав - ба истилоҳ «оташаки анор» ба мушоҳида расид, ки хуруҷи он, мутаассифона,  то ҳол давом дошта, боиси нобудшавии ҳосили анор гардидааст. Дар боғҳои анори шаҳри Норак ин ҳашароти зараррасон соли 1996 ба қайд гирифта шуд. Барои мисол, солҳои пешин ( то зуҳури «оташаки анор») ҳосилнокии боғҳои анор аз ҳар гектар 300 - 400 сентнерро ташкил медод. Ин нишондод айни ҳол то 20 - 30 сентнер кам шудааст. Таҳқиқоти солҳои 2009 - 2011 гузарондаи олимони соҳа якҷо бо мутахассисони корхонаи «Боғи анор», хоҷагии фермерии «Хол» ва 20 хоҷагии наздиҳавлигии шаҳри Норак собит сохт, ки зарари солонаи анорпарварон аз ин ҳашарот зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинобар камҳосилӣ 70 - 80 дарсади боғҳои Норак, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо нобуд карда шуд. Ба ақидаи мутахассисон ва олимони соҳа, сабаби асосии кам гардидани майдонҳои боғҳои анор зарари ин ҳашарот мебошад. Мушкилӣ дар он аст, ки ин зараррасон ҳанӯз пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст ва чораҳои пешгирӣ тавассути заҳрҳои кимиёвӣ бинобар сабаби афзоиш ёфтани ҳашарот дар қабати дарунии мева натиҷа намедиҳанд. Гузарондани чораҳои пешгирӣ тариқи дастӣ тоза кардани гулдони меваи анор кори серхароҷот буда, вақти зиёдро талаб мекунад. Зиёда аз ин, фурсат аз даст меравад, чунки ҳашарот дар як муддати кӯтоҳ қабати тунуку нозуки гулдонро сӯрох карда, ба дохили мева медарояд.
Мушкилоти бавуқӯомадаро чӣ тавр пешгирӣ кунем? Ба ақидаи мутахассисон ва олимони соҳа, дар пешгирӣ ва муҳофизати ниҳол ва ҳосили боғҳои анор ташкили ҳимояи биологӣ ба мақсад мувофиқ аст. Бо ин усул аз ҳашароти фоиданоки ба истилоҳ «энтимофаг» - ҳо ба монанди трихограмма, габробакон, тиллочашмак ва часпакҳои феромонӣ, ки дар ҳимояи ҳосили пахта маъмулан ба кор бурда мешаванд, истифода кардан ба зарур аст. Энтимофагҳо дар табиати кишварамон паҳн гардидаанд, лекин барои нобуд сохтани ҳашароти зараррасон басанда нестанд. Барои ин лозим меояд, ки парвариши онҳо тавассути ташкили озмоишгоҳҳои назди боғҳо ба роҳ монда шавад. Аз назари иқтисодӣ низ хароҷоти ҳимояи  биологӣ назар ба хароҷоти ҳимоя тавассути заҳрҳои кимиёвӣ зиёда аз ду  баробар кам аст. Аз ин лиҳоз, олимони соҳаи иқтисоди кишоварзии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи ҳимояи рустаниҳои Донишгоҳи аграрӣ лоиҳаи мукаммали рушди соҳаи анорпарварӣ,  бар зидди «оташаки анор» ташкили маркази ҳамоҳангсози «Навниҳол» ва маркази илмӣ - методии «Ҳимояи биологии боғоти анор» - ро таҳия карданд. Мувофиқи ин лоиҳа то соли 2030 майдони умумии боғҳои анорро тавассути ташкили қитъаҳои ниҳолпарварӣ дар корхонаи «Боғи анор» - и Норак ва шаҳру навоҳии дигари амалисозии лоиҳа - Ҳисор, Шамсиддини Шоҳин, Рашт, Дарвоз, Панҷакент, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Фархор, Дӯстӣ ва Қубодиён то 1300 гектар расондан ва ҳосилнокии ҳар гектарро то 120 сентнер баланд бардоштан имкон дорад. Ин баробари 15600 тонна меваи анор аст. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар ҳолати 85 дарсад сифати хуби молӣ доштани ҳосил 11260 тонна меваи тару тозаро бо нархи 15 сомонӣ ба фурӯш баровардан мумкин аст. Ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ 50 дарсади ҳосил  ба фурӯш бароварда, 50  дарсади дигар ба хориҷи мамлакат содир мешавад. Бо назардошти камаш 20 сомонӣ барои як кило 112 миллион сомонӣ даромад ба даст меояд. Коркарди саноатии 1740 тонна меваи ғайристандартӣ дар сурати барориши 30 дарсад  афшура 5220 литр ва бо нархи 20 сомонӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил мекунад.
Муҳим он аст, ки ин ташаббус аз ҷониби сохторҳои марбута дастгирӣ ёбад.
Ғ. ДОСТИЕВ,
коршиноси масоили иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 616

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед