logo

сиёсат

НАҚШИ ЯК ТАШАББУС

Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи декабри соли гузашта иттифоқ афтод, дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо бори дигар ҳамчун давлати пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии Тоҷикистон, ки ба касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ далолат мекунад, барои ҳар фарди худогоҳи ин сарзамини биҳиштосо боиси ифтихор аст. Ифтихор аз он, ки Тоҷикистони замоне дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарордошта, ҳамакнун таҳти роҳбарии Сарвари муаззаму ташаббускори хеш дар ҷаҳон шуҳратёр шуда, аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор аст.
Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ дорад, дар баробари кишварҳои аъзои СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ аз иқдоми Сарвари давлати мо ба ҳайси як амри зарурӣ истиқбол карданд. Аз ҷумла, Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар робита ба қабули ин санад изҳори бовар намуд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 - ро тақвият мебахшад.
Созмони Милали Муттаҳид қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018 – 2028 - ро ба нигарониҳои  умумибашарӣ аз проблемаи об асоснок менамояд. Дар қатънома зикр шудааст, ки афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим дар оянда боиси авҷ гирифтани мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар шуда метавонанд. Бо назардошти чунин таҳдидҳо таъкид мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, аз имрӯз ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи об бипардозад ва дар иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ вобаста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим иқдом кунад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос 5 миллион нафар вафот мекунад ва 3 миллиони дигар  ба маризиҳои гуногун гирифтор мешавад. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки феълан дар ақсои олам 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надошта, зиёда аз 3 миллиард аз одитарин шароитҳои санитарӣ маҳрум мебошад. Ин аст, ки ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, то кунун дар расонаҳои сершумори хориҷӣ ба таври густурда инъикос шудааст.
Коршиносони умури байналмилалӣ пешбинӣ мекунанд, ки ташаббуси пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.
Фурқат САМИЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2017    №: 90    Мутолиа карданд: 1322

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед