logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Марг ҳам натавонист ному муҳаббати  Бобохон Почохонов, собиқадори ҷангу меҳнат, шахсияти маъруфи ноҳияи Ховалингро  аз лавҳи хотирҳову дилҳои дӯстону наздикон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, бизудояду бибарад. Баръакс, собиту ошкор сохт, ки ӯ аз маҳбубияту шуҳрати хос бархӯрдор мебошад. Инчунин, ҳеҷ заҳмату ҷонфидоӣ, хидмати содиқона ба Ватан бе аҷру подош намемонад.

- Ба қадри ин Ватан, сулҳу субот ва хидматҳои бесобиқаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд расид. Миллатро аз нестшавӣ наҷот дод. Сулҳ оварду кишвари ҷангзадаву харобгардидаро обод намуд, - мегуфт зимни суҳбат ва насиҳат ба наврасону ҷавонон.
Сухану панду андарзҳояш зуд ба дилҳо роҳ меёфт, муассир буд. Ин ҳамаро, охир, марди рӯзгордидаву гармиҳову сардиҳои дунёро дида мегуфт. Ҳамеша шукр менамуд, ки аз самараҳои дарахти истиқлол баҳравар гардидааст, бо Пешвои миллат вохӯрдаву аз наздик суҳбат кардааст. Ӯро тараҳҳуми Парвардигор барои миллату давлат медонист.
Бобохон Почохонов 18-сола набуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Ариза навишту дархост намуд, ки ӯро ихтиёран ба корзор, бар зидди фашизми гитлерӣ, ҳимояи Ватан бифиристанд.
Дар муҳорибаҳои шадиди озодкунии Краков, Варшава, Лодск ва дигар шаҳрҳо иштирок карда, аз худ ҷасорату шуҷоатмандӣ нишон додааст.
Мегуфт, ки махсусан муборизаашон бо фашистони гитлериро дар соли 1944 ҳеҷ аз ёд набаровардааст. То ба ҳол он корзорро бо ҳама даҳшаташ дар хоб низ мебинад. Ҷанговарони дигар зикр мекарданд, ки ҳатто ёду пеши рӯ овардани ин муҳориба басо вазнин аст.
Зимистони бисёр сарду пурбарф бо ду ҳамнабардаш супориш гирифт, ки нуқтаҳои оташфишони душманро нест кунанд, аз миён бибаранд. Барф имкон намедод, ки роҳи махсус кушода ба ҷониби душман ҳаракат бинамоянд. Ба ҷуз ин, дар пеш монеаҳои зиёду душвор, симхору истеҳком, майдонҳои ҳамвор воқеъ буданд. Аммо супоришро бояд иҷро кард. Иҷрои он ҳифзу  пойдории Ватан аст. Дар ин маврид набояд аз ҷону додани он бияндешӣ. Гаваккашон ба болои барф рафтанд. Ба нуқтаҳои оташфишон бисёр наздик шуданд. Лаҳзае нафас рост карданду ба амалиёти ҷангӣ шурӯъ карданд. Гранатаи нахустин ба нишон расид. Садои таркиши он ба дили душманон тарсу ваҳм оварду ангехт. Онҳо майдони ҳамворро дар ҷавоби ин амал тирборон карданд. Чун садои тирпарронӣ хомӯш гардид, аз фурсати муносиб истифода бурданду боз ду нуқтаи оташфишонро маҳв сохтанд.  Ҳамин тавр, амалиёт бобарор анҷом ёфт. Барои ин бо ордени «Шараф», дараҷаи 3 мукофотонида шуд.
Аз марг, аз ҳеҷ кас, аз ҳеҷ чиз наметарсид. Ҳамеша дар корзор дар сафи пеш қарор дошт. Барои озод кардани шаҳри Варшава бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ ноил гардид. Аз И. В. Сталин, сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, сипоснома гирифт.
Бо фарҷоми ин ҷанг, ки таърих мислашро дар ёд надорад, ба Ватан, ба зодгоҳаш баргашт. Дар замоне ки дар соҳаи маориф мутахассисон, шахсони соҳибмаълумот намерасиданд, сарварии яке аз коллективҳои педагогиро ба уҳда гирифт. Пас аз он ӯро ҳамчун ҷавони фаъолу кордону лаёқатманд сарвари кумитаи ҷавонони ноҳияи Ховалинг таъйин намуданд.
Соли 1951 ба мактаби фаъолони хоҷагӣ дар шаҳри Душанбе дохил шуд ва онро бомуваффақият хатм намуд. То соли 1974 дар вазифаҳои котиби ташкилоти ҳизбӣ, сардори бригадаи чорводорӣ ва дигар вазифаҳои пурмасъулият пурсамару чашмрас кор кард. Пас аз он раиси Ҷамоати деҳоти Ховалинг интихоб шуд. То соли 1992, замони баромадан ба нафақа, дар ин вазифа содиқона хизмат кард.
Ҳамин тавр, ӯ дар ду ҷабҳа бо матонату садоқат шуҳрат ёфт.
Сайҷалол САТТОРЗОДА, ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 440

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед