logo

илм

ИЛМ ВА ЯК ҶАВОНИ МУВАФФАҚИ ТОҶИК

Дар давоми понздаҳ-бист соли охир дар соҳаи илму техника мафҳумҳои «нано», «наномавод», «наноилм» ва «нанотехнология» серистеъмол гардиданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар самти мазкур тағйироти куллӣ дар пешорӯст ва он ба рушди фавқулодаи соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, муносибатҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ шуури омма мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки дар як қатор мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон барои пешрафти ин соҳаи илму технология маблағҳои калон ҷудо мекунанд, зеро нанотехнология ҳамакнун ба давраи нави инқилоби саноатӣ мусоидат кардааст.
Меҳрдод Субҳонӣ, унвонҷӯи соли дуюми  Академияи  илмҳо, фаъолияти илмии худро дар раванди таҳсил дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи физикаи ҳастаӣ вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаи байналмилалии «Помир-Чакалтой», ки байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои физикии зарраҳои баландэнергия ва таҳқиқоти астрономӣ дар минтақаи баландкӯҳи ВМКБ, ноҳияи Мурғоб пешбинӣ шуда буд, аз омӯзиши нурҳои кайҳонӣ оғоз кардааст. Дар чаҳорчӯбаи шартномаҳои байнидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов ӯ дар факултети физикаи ин муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Институти илмӣ-таҳқиқотии физикаи ҳастаии назди донишгоҳ рисолаи хатми донишгоҳиашро оид ба муайян намудани хосияти зарраҳои баландэнергия анҷом додааст. Баъди хатми донишгоҳ як соли дигар дар Институти физикаи Академияи илмҳои Федератсияи Русия дар соҳаи омӯзиши нурҳои кайҳонӣ, бо мақсади ба роҳ мондани таҷрибаҳои илмии ядроӣ дар баландкӯҳи  ноҳияи Мурғоб, фаъолияти илмӣ намудааст.
Ин пажӯҳишгари ҷавони 25-сола имрӯзҳо аз нуқтаи назари физикаи квантӣ ба омӯхтани системаҳои магнитӣ ва наномавод машғул аст. Истифодаи равандҳои ғайрихаттии магнитии ферромагнетикҳо дар пешрафти электроникаи компютерӣ нақши калон дорад ва дар ҳоли татбиқшавӣ дар навъҳои дигари технология аст. Ӯ барои натиҷагириҳои таҷрибавӣ бо профессор Холмирзо Холмуродов, ки дар Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ҳастаии Дубнаи Федератсияи Русия  ба пажӯҳиш машғул аст, ҳамкории илмӣ дорад. Вобаста ба омӯзиши нанонайчаҳои оксидӣ аз нуқтаи назари ҳисоббарориҳои компютерӣ бо устоди Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Ҷопон профессор Тамоёкӣ Ямамото низ ҳамкории илмӣ ба роҳ мондааст. Дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё ҳамроҳи ин донишмандон мақолаҳои илмӣ ба нашр расондааст. Мақолаи илмии муштараки ӯ бо профессор Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Nonlinear Dynamic Properties of One-dimensional Anisotropic Heisenberg Ferromagnetic»  (Хосиятҳои ғайрихаттии динамикаи ферромагнетикҳои шибҳи якченакаи  Гейзенберг), ки дар Амрико ба чоп расид, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиаш бо донишгоҳи Васедаи Токио мусоидат намуд. Номбурда бо истифода аз усулҳои ҳисоббарорӣ барои як гурӯҳ системаҳои магнитӣ омилҳои динамикиашонро таҳлил намуда, якчанд хосиятҳои паҳншавии мавҷҳои хоси ин системаҳоро пешниҳод намуд. Ӯ, ҳамчунин, бо як қатор олимони ҷопонӣ ва профессор Холмирзо Холмуродов дар соҳаи нанотехнология мақолаҳои илмии муштарак ба табъ расондааст.  Дар китоби «Computer Design for New Drugs and Materials: Molecular Dynamics of Nanoscale Phenomena» (Дизайни компютерии маводи дорувории нав: динамикаи молекулавӣ ва равандҳои наноӣ) зери таҳрири Холмуродов Холмирзо мақолаи муштарак бо номи «Molecular Dynamic Simulations of Hybrid Halide Perovskites: The Effect of Bond Rigidness and Heating on Structural Properties» дар нашриёти “Nova Science Publishers” - и ИМА нашр шуд. Дар ин мақола аз нуқтаи назари динамикаи молекулавӣ хосиятҳои маводи энергетикӣ таҳлил ва таҳқиқ шудааст.
- Илм сарҳад надорад, - мегӯяд Меҳрдод Субҳонӣ. - Он хоси гурӯҳ ё кишваре нест. Илм ҷаҳонист. Шиноснома ва моли олими асил ин мақолаҳои бунёдии илмии ӯст. Дар ҷаҳони муосир ба олим аз рӯи таҳқиқот ва мақолаҳои илмии сатҳи баландаш баҳо медиҳанд. Бояд таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчӯбаи масъалаҳои муосири илмӣ чарх занад ва фарогири мушкилоти воқеии инсоният бошад.
Ба андешаи ин пажӯҳишгар, дар асри ХХI ҷомеаро раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ фаро гирифтааст, ки сатҳи иқтисоди миллӣ ва истиқлолияти дигар соҳаҳо ба он вобастагӣ доранд. Имрӯз пешрафти аксари соҳаҳо танҳо аз тараққиёти технологияи инноватсионӣ вобаста аст. Ҳамин аст, ки аксари мамолики пешрафта барои соҳиб шудан ба истиқлолияти комил маҳз аз ин тарзу воситаҳо истифода мебаранд. Технологияи инноватсионӣ истеҳсоли босифати маводи ғизоию доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои техникӣ, навъҳои нави рустанӣ ва дарахтони мевадиҳанда, зотҳои хуби чорво, таҷҳизоти электрониро таъмин намуда истодааст. Маҳз имрӯзҳо донишҳои илмӣ ниёзҳои инсониятро бароварда намуда, дар пайи ҷустуҷӯи роҳ ва воситаҳои беҳтар дар самти дарки олами воқеӣ ва татбиқи он дар ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. 
- Ҷаҳони муосир ҷаҳони нанотехнология аст. Аз ин рӯ, омӯхтани ҳодисаҳои мураккаб дар системаҳои магнитӣ ва наномавод аз нуқтаи назари физика ва кимиёи квантӣ имрӯзҳо дар аксари соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ шуда истодаанд. Бевосита дар корҳои илмӣ-таҳқиқотиам механизми ба даст овардани қувваи ҷараён аз наномавод дар натиҷаи таъсири малекулаҳои оби атмосфера  коркард шуда истодааст, ки ҳамчун манбаи нави қувваи ҷараён дар оянда ба инсоният хизмат хоҳад кард, - мегӯяд олими ҷавон.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 5101

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед