logo

порлумон

ЯК ТАШАББУСИ МУҲИМ

Дар доираи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд прокурор  бар асоси қонунгузории мурофиавии гражданӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии ашхосе, ки бинобар иллатҳои ҷисмониву рӯҳӣ ва дигар аломатҳои маъюбӣ аз уҳдаи ҳимояи ҳуқуқҳои худ намебароянд, метавонад ба суд бо ариза муроҷиат кунад.

Дар ин бора Назарзода Ҳотам, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иттилоъ дод. Ворид намудани ин тағйиру илова ба манфиати шахсоне равона мешавад, ки осебпазир буда, бинобар вазъи саломатӣ, синну сол ва дигар сабабҳои узрнок ғайри қобили амаланд.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, иброз намуд, ки мақсади лоиҳа мутобиқ намудани муқаррароти Қонуни конститутсионии номбурда ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Султонзода Сулаймон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки он бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 2164

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед