logo

иҷтимоиёт

МАЪЮБОН. ДОИРАИ ҒАМХОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАД

Мусаллам аст, ки дастгирии ҳамешагии қишри осебпазири ҷомеа, бахусус маъюбону бепарасторон, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои онҳо тадбирҳои зиёде рӯи даст гирифта мешаванд. Дар радифи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон яке аз ташкилотҳоест, ки саҳм гузоштан дар таъмини шароити кору зиндагии беҳтар барои маъюбонро аз ҳадафҳои меҳварии худ қарор додааст.
Бино ба гуфтаи раиси иттиҳодия Асадулло  Зикрихудоев, ҳадаф аз фаъолияти ташкилот ин ба маъюбон тарғиб намудани зиндагии мустақил, фаъ-олияти чашмрас дар ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватани азизамон мебошад. Бавижа, оянда дар назди коргоҳҳои навтаъсис ташкили ҷойҳои махсуси корӣ барои ин қишри ҷомеа аз мақсадҳои асосии иттиҳодия маҳсуб меёбад.
Бешак, маъюбон ҳам ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи мо ба шумор мераванд ва чун тамоми шаҳрвандони дигар ҳуқуқ ба манзили зист ва ҷои кор доранд. Аз ин рӯ, ниҳоят муҳим аст, ки дар назди ҳамаи муассисаву корхонаҳо барои маъюбон шароити кор ва муҳити созгор фароҳам оварда шавад. Махсусан, шароити муассисаҳои таълимӣ ба талабот муосир вобаста ба имкониятҳои ин қишри осебпазир бояд ҷавобгӯ бошад. Мутаассифона, имрӯз шароити омаду рафти маъюбон ба дарс дар муассисаҳои таълимӣ ба инобат гирифта нашудааст, ки душвориҳои зиёдеро барои онҳо эҷод мекунад. Аз ин рӯ, зарур меояд, ки  масъулон ҳангоми бунёди иншоот ба ин нуктаи муҳим диққати махсус зоҳир намоянд.
- Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ва масъалаҳои дигари вобаста ба маъюбон таваҷҷуҳи доимӣ доранд. Дар ин замина соли 2014 бо мақсади муто-биқсозии шароитҳои иншооти сохташаванда бо имкониятҳои  ин қишри ҷомеа низомномаи махсус қабул гардид. Мутобиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии низомномаи мазкур ва моддаҳои  5 ва 13 - и Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳасозӣ ва сохтмони иншооту биноҳои нав ва таъмиру таҷдиди биноҳои истифодашаванда корҳои сохтмонӣ вобаста ба шароити аҳолии имконияти ҷисмониашон маҳдуд пурра нишон дода шудааст.
Бо ташаббуси шаҳрдорӣ автобусҳои наве, ки чанде пештар ба пойтахт ворид шуданд, шароитҳои лозимиро  барои маъюбон дар худ доранд. Маъюбон бе мамоният  ва бе ёрии нафари дигар метавонанд тавассути онҳо равуо намоянд. Ҳамчунин, дар марказҳои савдои «АШАН», «Дунёи нав» ва маҷмааи «Истиқлол» барои маъюбон  шароитҳои хубу муосир фароҳам оварда шудааст, ки қобили ибрату пайгирист.  Бояд ёдовар шуд, ки дар кишвари мо беш аз 140 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки на ҳамаи онҳо дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона, дар маҳалҳо ба шароити кору зиндагии маъюбон камтар таваҷҷуҳ дода мешавад. Дар қиёс ба шаҳр дар маҳалҳо сатҳи донишу малакаи ташкилотҳои маъюбон ва маъюбони фаъол хеле маҳдуд буда, таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки оид ба таъмини муҳити зисти дастрас ба шахсони имконияташон маҳдуд ва такшилотҳои ҷамъиятии онҳо дар минтақаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронем. Бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта сар карда, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд семинарҳо оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи муҳити зисти дастрас барои маъюбон ҷараён доранд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки онҳо дар оянда масъалаи таъмини муҳити зисти дастрасро дар минтақаҳо мустақилона пеш мебаранд,  - изҳор дошт Асадулло  Зикрихудоев. 
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 398

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед