logo

иҷтимоиёт

САРБОЗ

Ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик, сокини шаҳраки Понғози ноҳияи Ашт Фахриддин Аҳмадзодаро бетараф нагузошт. Ин ҷавони ҷисману рӯҳан қавӣ бо амри дил ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, хоҳиш намуд, ки ӯро ба ҷанг фиристанд.
Фахриддин соли 1942, баъди хатми  курси семоҳаи кормандони сиёсии шаҳри Тошканд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст. Ӯро  муовини командири рота оид ба корҳои тарбиявии полки 69 - и дивизияи 136 - уми фронти дуюми Украина таъйин карданд. Пайроҳаи ҷангиаш тирамоҳи ҳамон сол аз шаҳри Калинин оғоз ёфт. Фармондеҳи қисм генерал - лейтенант В. Люлшенко ба дастае, ки афсари пурматонату ҷасури тоҷикистонӣ Фахриддин Аҳмадзода сарвараш буд, дастур дод, то «забон» (асире, ки аз ӯ оид ба мавқеи душман маълумот ба даст меояд) биёранд. Даста аз пайи иҷрои супориш шуд. Онҳо дар ин амалиёти вижа ду посбони душманро безарар гардонда, як афсарро ба асорат гирифтанд. Дар яке аз муҳорибаҳои наздикии шаҳри Гомел ҷароҳати вазнин бардошт. Баъд аз ду моҳи табобат боз ба қисми ҳарбӣ баргашта, дар поксозии шаҳру навоҳии кишварҳои Лаҳистон ва Маҷористон фаъолона ширкат варзид.
Моҳи сентябри соли 1944,  ҳангоми убур аз дарёи Одер сарбозони қисми низомӣ, ки Фахриддин Аҳмадзода сарвараш буд, ба душмани саропо мусаллаҳ муқобилияти сахт нишон доданд. Дар соҳил задухӯрдҳо шиддат гирифтанд. Истеҳкомҳои муҳандисӣ, техникаю лавозимоти ҷангии душман нобуд карда шуданд. Барои ин корнамоӣ бо  ордени Ситораи Сурх  сарфароз гардонда шуд. Ҳангоми гузаштан аз дарёҳои Десна, Бухи ғарбӣ, Висла ва Прут низ аз худ қаҳрамонию шуҷоат нишон дод.
Қисми ҳарбии ҷанговари тоҷик дар шаҳри Берлин ба неруҳои асосӣ пайваст. Байрақи ғалаба дар болои Рейхстаг ба алвонҷ даромад. Фахриддин Аҳмадзода дар девори Рейхстаг навиштаҷоти «Аз Понғоз то Берлин» - ро сабт кард. Пас аз Ғалабаи бузург ним сол дар Ҷумҳурии Беларус хизмат карда, баҳори  соли 1946 ба зодгоҳаш - Понғоз баргашт.
Омӯзгори назмшинос, адабиётдӯсту фарҳангпарвар муддати сӣ сол дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сарвар буд. Бо ордени  Байрақи Сурхи Меҳнат, унвони ифтихории Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон, дигар медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Дили устоди мушфиқу ғамхор дар синни 93 аз тапидан монд. Шодравон ҳангоми дар ҳаёт будан  нашри мероси адабии симои намоёни адабиёти тоҷик Одинамуҳаммади Маъданро ба роҳ монд. Ҳоло писари ягонааш Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони мамлакат шоир Зафар Аҳмад идомадиҳандаи кори   падари бузургвораш мебошад. Вай ҳамчун устоди варзиш сарварии  Ассотсиатсияи якҳарбаи шарқиро ба зимма дошта, дар рушди ин навъи варзиш, солимии ҷавонон ва ба хизмати Модар - Ватан омода намудани онҳо саҳми фаъол мегузорад.
Муҳаммадшарифи БОБОШАРОФ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 450

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед