logo

ҳуқуқ

СУҒД. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ БЕМАСЪУЛИЯТӢ

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд, ки дар он  масъулони соҳаи тандурустӣ, муовинони раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, сардухтурони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо иштирок доштанд, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии модару кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фирдавс Ҳусейнзода, прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Суғд, изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои асосии фавти модарон, ин аз ҷониби кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят, дар давраи ҳомиладорӣ зери назорати тиббӣ нагирифтани онҳо маҳсуб меёбад. То 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ ба қайд гирифтани занҳои ҳомила, аз ҷумлаи талаботи «Тавсияи клиникӣ оид ба ёрии  антенталӣ ҳангоми ҳомилагии физиологӣ» мебошад. Вале, бархилофи ин талабот давоми соли 2016 ва се моҳи аввали соли равон дар панҷ ҳолат аз ҷониби кормандони тиббии марказҳои саломатӣ ин амр иҷро нашуда, боиси фавти модарон шудааст. Масалан, З.Турсунова, сокини шаҳри Панҷакент, бо ташхиси ҳомилагии 34 - 35 ҳафтаина ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент оварда шуда, 11 - январи соли равон фавтидааст. Агар ин зан сари вақт ба қайд гирифта шуда, бемориаш, ки камхунӣ будааст, муайян мегардид, ӯро аз марг наҷот додан мумкин буд.
Дар баъзе ҳолатҳо духтур ва момодоя занони ҳомиларо дар давраи то таваллуд аз чор то шаш маротиба хабар гирифта бошанд ҳам, назорат дар сатҳи антенаталӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат бо Шаҳноза Ҷӯраеваи 28 - сола, сокини ноҳияи Деваштич, рух додааст. Дар муҳлати 18 - 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ ташрифоти навбатӣ таъмин нагашта, дар ниҳояти кор тифл дар батни модар фавтидааст. Дар натиҷа сарвари маркази саломатии ноҳиявии № 1 Ҳ. Ҳоҷиев, сарвари маркази солимии репропродуктивии ноҳия Х. Шокирова ва момодоя М. Ҷӯраева барои сари вақт нагузарондани машварат ва муайян накардани фавти дохилибатнии тифл, ки боиси марги Шаҳноза Ҷӯраева низ гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Дар ҷараёни тафтиши прокурорӣ, ҳамчунин, ҳолатҳои ба таври зарурӣ муоина ва зери назорат қарор надодани занони ҳомила аз тарафи духутурони оилавӣ ошкор гашт. Омӯзиши ҳуҷҷатҳои тиббии зани фавтида - Зебо Исломоваи 20 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, нишон дод, ки назорати ҳомиладории ӯ аз тарафи духтури оилавии маркази саломатии деҳаи Тағояк Н.Нуъмонова дуруст ба роҳ монда нашуда, ҳангоми дар шуъбаи таваллуд бистарӣ шудани охирин аз ҷониби духтурони навбатдори шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия Р. Отатураева  ва Х. Назирбобоева баҳодиҳии ҳолати зани ҳомила ва усули пешниҳоди тавсияи нақшаи ташхисию табобатиаш нодуруст таъйин шудааст. Чунин камбудию норасоиҳо дар маркази саломатии Вешаби ноҳияи Айнӣ, шуъбаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва дигар муассисаҳои тандурустии вилоят ба мушоҳида расиданд.
Омили дигари муҳиме, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавти модар ва кӯдак мусоидат мекунад, ин бо мутахассисони ҳирфаӣ таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят мебошад. То имрӯз дар вилоят 19 акушер - гинеколог, 23 эҳёгар, 15 духтури кӯдакона ва 10 неонатолог намерасад. Чунин ҳолатҳо дар шаҳру навоҳии Ашт, Гулистон, Деваштич, Исфара, Зафаробод, Конибодом, Панҷакент, Шаҳристон боиси ташвиш буда, дар навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ умуман духтурони неонатолог фаъолият надоранд.
Санҷиш муайян кард, ки яке аз сабабҳои ба амал омадани фавти модар ва кӯдак ин риоя нагаштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», фармоишоти Вазорати тандурустӣ, Стандартҳои миллӣ оид ба назорат ва нигоҳубини антенаталӣ ҳангоми ҳомиладории физиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз ҷониби баъзе кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар асоси натиҷаи санҷишҳо нисбат ба 12 нафар корманди тиб бо моддаҳои 129, 319 ва 324 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, иддае  бо ҳукмҳои суд маҳкум  ва тафтиши парвандаҳои дигар идома дорад.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 482

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед