logo

иҷтимоиёт

КВОТА ВА КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, барои камолоти маънавию огоҳии сиёсии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар умури давлатдориву вазифаҳои роҳбарӣ масири нав кушод.
Дар заминаи боварӣ ба ин неруи созанда солҳои охир вазифаҳои пурмасъули давлатию ҷамъиятӣ ба уҳдаи ҷавонон гузошта шудааст, ки қадами устуворе ба рушди минбаъдаи давлатдорӣ арзёбӣ мешавад. Вале барои расидан то ба ин марҳила, аз қабл барномарезиҳои зиёди давлатӣ сурат гирифтанд, ки таъсиси Квотаи президентӣ аз ҷумлаи чунин иқдомоти беназиру арзишманд аст. Ин амр, ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар тарбияи ҷавонони ҳушманд, пурра гардидани сафи зиёиён ва рӯи кор овардани роҳбарони ҷавон муосидат намуд. То кунун ҷалби ҳазорон нафар хатмкардагон, бахусус ҷавондухтарони навоҳии дурдасти мамлакат, тариқи квота ба таҳсилоти олӣ натиҷаҳои пурбор овардааст. Маҳз аз ҳисоби хатмкардагони Квотаи президентӣ норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ коҳиш ёфт ва кадрҳои ҷавону болаёқат сари кор омаданд.
Нодираи Маҳмадисо, соли 1986 дар ноҳияи зебоманзари Тоҷикобод ба дунё омада, аз зумраи духтарони лаёқатмандест, ки соли  2004  баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 тариқи Квотаи президентӣ ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Нодира баъд аз хатми муваффақонаи донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашт ва дар бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба кор шурӯъ намуд. Ӯ замони кор дар ин бахш, аз худ навоварӣ нишон дода, дар назди бахши кор бо занон ва оила маркази маслиҳати ҳуқуқӣ ташкил намуд, ки минбаъд дар дигар шаҳру навоҳӣ аз ин таҷриба истифода карданд. Маҳорати баланди кордонӣ буд, ки ин бонуи ҷавон зина ба зина боло рафт, чанд муддат ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва оила фаъолият кард. Соли 2012 муовини раис ва аз соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин гардид.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки таъсиси Квотаи президентӣ барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарбия ва ташаккули касбияти онҳо нақши бузург дорад. Зеро солҳои пеш бисёре аз духтарони кӯҳистонӣ соҳиби саводи хуб буданд, аммо шароити таҳсил дар донишгоҳҳоро надоштанд. Бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омад, ки духтарони деҳоти дурдаст тариқи квота соҳиби маълумоти олӣ шаванд. «Агар Квотаи президентӣ намебуд, шахсан ман имкон надоштам, ки соҳиби маълумоти олӣ шавам».
Дар мулоқоти нахустини худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Рӯзи Модар сурат гирифта буд, Нодира бо азми қавӣ ба  Пешвои миллат қавл дод, ки ҳамеша ба халқу Ватани азизи худ содиқона хизмат мекунад. Ӯ он замон бо ифтихор гуфта буд: «Мо духтарони тавассути Квотаи президентӣ таҳсилнамударо дар ноҳия «духтарони Президент» меноманд.
Нодираи Маҳмадисо аз ҷумлаи ҷавонтарин кадрҳои роҳбарикунанда дар сатҳи раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Тавре мушоҳида кардем, дар замони роҳбарии ӯ ноҳияи Тоҷикобод ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст. Ҷалби кадрҳои ҷавону кордон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмиру навсозии биноҳои маъмуриву хизматӣ ва дастгирии ҷавонон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аввалин ташаббусҳои раиси ҷавон мебошанд. Кордонӣ, муносибати ҳасана бо зердастон, дастгирии пирону ниёзмандон, таваҷҷуҳ ба арзу шикояти шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии онҳо Нодираро соҳибэҳтиром гардондаанд. Номбурда азм дорад, ки дар партави сиёсати бунёдгарои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо такя ба неруи мардуми сарбаланди Тоҷикобод дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро афзун намояд.
- Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли ҷавонон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон ва ояндаи дурахшони онҳо башорат медиҳад. Албатта, чунин ғамхориҳо нисбат ба ҷавонон масъулияти моро дар ободии ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз бештар менамояд.
Аз Соли ҷавонон интизории зиёд дорем то чеҳраҳои нав муаррифӣ гардида, дар устувор намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи кишварамон нақш гузоранд. Дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи таъриху фарҳанги ниёгонро шиори ҳамешагии худ қарор бидиҳанд. Зеро мо - ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва идомадиҳандаи кору пайкори ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҳастем, - мегӯяд Нодираи Маҳмадисо.  
Лашкар ШАРИФЗОДА,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2017    №: 91    Мутолиа карданд: 530

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед