logo

иқтисод

ҲИФЗИ МЕҲНАТ ШАРТИ БУНЁДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ САДАМАҲОИ ИСТЕҲСОЛИСТ

Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки аз ҷониби кормандони хадамот бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ, назорати бехатарии саноатӣ, таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандони корхонаҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ соли гузашта  709 назорати техникӣ гузаронда шудааст. Дар ҷараёни ин назоратҳои техникӣ маълум гардид, ки мутаассифона, аз ҷониби баъзе аз корфармоён талаботҳои бехатарӣ риоя карда намешаванд.

- Санҷишҳо нишон доданд, ки дар аксарияти корхонаҳо  кормандоне, ки дар мавсими корҳои саҳроӣ ба тариқи шартномавӣ ба кор қабул карда мешаванд, аз ташхиси тиббӣ нагузаштаанд. Дар як қатор корхонаҳо ҳавотозакунакҳо ва қубурҳои ҳавогузар мавҷуд нестанд, ки  ин ҳол ба саломатии кормандон зарарӣ ҷиддӣ мерасонад.
Соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид. Тибқи банди 5 – и  моддаи 343 ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд. Инчунин,  корфармо уҳдадор аст, ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳа кумакпулии яквақта пардохт намояд.
Пас аз рух додани ҳодисаи нохуши ҳолати марговар дар ҶДММ «Пакрут» намояндагони хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари давлатӣ маъмурияти корхонаро барои риоя нашудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ намуданд ва дар асоси банди 6 – и моддаи 243 - и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи шахси фавтида 215 ҳазор сомонӣ (музди меҳнати шастмоҳаи фавтида) кумакпулии яквақта расонда шуд.
Сабабҳои асосии рӯй додани ин гуна ҳодисаҳо дар истеҳсолот, пеш аз ҳама, риоя нашудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо, ба таври зарурӣ таъмин набудани шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, наандешидани тадбирҳо ва ба ин мақсад ҷудо накардани маблағ мебошад.
Ш. АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 459

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед