logo

иҷтимоиёт

ДАР ТАЛАБИ ИЛМ

Хушбахтона, дар кишвари азизи мо кам нестанд ҷавонони рӯшанфикр, соҳибистеъдод  ва созанда, ки баҳри рушду тараққиёт ва пешравии давлату ҷомеа саҳм мегузоранд. Яке аз онҳо номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дониёр Сангинов мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои арзишманди илмӣ ноил гашта, баҳри халқу Ватани азиз содиқона хидмат менамояд.
Дониёр Сангинов соли 1985 дар ноҳияи Варзоб дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, пас аз итмоми мактаби миёна, соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм менамояд. Соли 2010 бошад, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намуд.
Мавсуф муаллифи 6 асари илмӣ, 20 восита, 26 барномаи таълимӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Асарҳои ӯ берун аз ҳудуди кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эрону Афғонистон ба забонҳои русӣ, форсӣ ва англисӣ чоп шудаанд.
Соли 2013 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ Дониёр Сангинов бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Дар баробари ин, барои саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ бо ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «90 - солагии адлияи тоҷик» қадр мегардад.
Соли 2015 бо дарёфти зиёда аз 90 дарсади овозҳо вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб интихоб гашта, вазифаи раиси комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муносибатҳои миллӣ, кор бо занон ва ҷавононро ба зимма дорад. Боиси қайд аст, ки соли 2016 оилаи Сангиновҳо дар озмуни «Оилаи беҳтарин» бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун оилаи беҳтарини ноҳияи Варзоб эътироф гардид.
Оре, илм берун мекашад одамро аз ҳар гуна торикӣ, ҷаҳолату зулмот ва роҳ мекушояд сӯи қуллаи мурод ва музаффариятҳои бепоён. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар фаъолияти илмии Дониёр Сангинов бармало дида метавонем.
Манучеҳр ҲАМИДЗОД,  донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 415

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед