logo

фарҳанг

ВОСЕЪ МАРДИ МАЙДОН БУД

Соли оянда ба шӯриши халқӣ, ки таҳти сарварии Восеъ бар зидди истисмори амирӣ сурат гирифт, 130 сол пур мешавад. Мавриди ёдоварии махсус аст, ки 100 - солагии он дар ноҳияҳои ҳамноми ӯ ва Ховалинг дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил гардида буд. Он имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандони кишвар ба як гӯшаи нисбатан норӯшани таърихи миллат бештар ошноӣ пайдо бикунанд ва дар ин замина ҳисси ифтихори миллияшонро болотар бибаранд.
Ба ин муносибат он замон оратория – балети «Фарёди дуриҳо» - и композитори маъруфи тоҷик, шодравон Талабхӯҷа Сатторов эҷод ва дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода шуд. Бар асари он ё худ таҷлили ин шӯриш солҳои 90 - и асри гузашта «Тоҷикфилм» филми чаҳорсериягии «Ашк ва шамшер» - ро аз рӯи асари «Восеъ» - и устод Сотим Улуғзода ба навор гирифт. Бояд изҳор дошт, ки асари ин нависанда соли 1967, яъне бахшида ба ифтихори 80 - солагии шӯриши мазкур таълиф гардида буд.
Андозҳои гуногун, ривоҷи зулм боиси сар задани шӯриш шуд. Бо Восеъ, сарвари шӯриш, сокинони Дараи Мухтор, Ховалинг, Балҷувон ҳамроҳ гардиданд. Аз Кӯлобу Муъминобод низ наздики 1000 нафар ба дастаҳои Восеъ пайвастанд. Қалъаи Балҷувон аз ҷониби шӯришгарон фатҳ шуд. Бек аввал ба Кангурт ва баъд ба Ҳисор гурехт. Шӯришгарон Кангурт, Пушинг, Оқсӯ, Тутқавулро низ ба даст оварданд.
Амири Бухоро ба муқобили Восеъ ва дастаҳои ӯ аскарону неруҳои ҳарбии Ҳисор, Дарвоз ва Кӯлобро сафарбар кард. Аз Бухоро низ неруҳои зиёдро бо тиру тӯпҳо фиристод. Охири моҳи июли соли 1888 аскарони амирро даст дод, ки ин шӯришро хомӯш намоянду Восеву ҳамроҳонашро  шикаст бидиҳанд. Тибқи маълумотҳо 130 нафар шӯришгаронро асир гирифта, ба назди амир фиристоданд. Восеъ ва қисме аз ҳамроҳонаш дар кӯҳҳо паноҳ бурданд. Охирҳои моҳи августи ҳамон сол бар асари хиёнат паноҳгоҳи Восеъро ошкор сохтанд. Ӯро дастгир карданд ва барои ҷазо додан ба Шаҳрисабз фиристоданду дар ин ҷо ба қатл расонданд.
Агарчи ин шӯришро шикаст доданд, аммо меҳри сарвари он ва иштирокчиён дар дилҳои мардум боқӣ монд. Аз рӯи садоқату муҳаббаташон  суруди таърихии «Шӯриши Восеъ» тавлид шуд ва аз забонҳо бар забонҳо рафт. Он аз 318 мисраъ иборат буда, аз 100 банди се - мисраию чаҳормисраӣ тартиб ёфтааст.
Суруди таърихии мазкур на танҳо дар бораи ин шӯришу сарвари он то ҷое маълумоти дақиқу саҳеҳ медиҳад, балки як навъ муҳаббатномаи мардум маҳсуб мешавад. Аз ин суруди таърихист:
Восеъ даромад ба майдон,
Монанди шери биёбон,
Хонай мира кард вайрон.
Восеъ марди майдонай,
Замину замон ларзонай,
Беку қозӣ ҳайронай.

Муҳаққиқони соҳа бар ин андешаанд, ки «Шӯриши Восеъ» ягона суруди нисбатан мукаммали таърихист ва он дар эҷодиёти шифоҳии мардум мавқеи махсусро сазовор гардидааст. Намунаҳои ин суруд таҳти унвони «Таронаҳои халқ дар хусуси Восеъ» соли 1934 дар нахустин маҷмӯаи «Адабиёти даҳонакӣ» дарҷ шудааст. Л. Бузургзода ва Р. Ҷалилов дар соли 1941 «Инъикоси шӯриши Восеъ» дар фолклор» - ро ба табъ расонда буданд. Дар он ин сад банди суруд ва хотираҳои мардум аз  шӯриши Восеъро муаллифон ҷой додаанд.
Бо номи «Шӯриши Восеъ» аввал дар жанри драма, баъдҳо драмаи мусиқӣ ва опера эҷод гардид. А. Фитрат нахустин бор драмаи таърихиро дар бораи ин шӯриш иборат аз 4  пардаву 5 намоиш таълиф намуд. Он соли 1927 бо забони тоҷикӣ дар Самарқанд ба табъ расид. Соли 1931 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ намоиш дода шуд.
Драмаи мусиқии «Восеъ» - ро ки иборат аз 4 пардаву 10 намоиш буд, 17 июли соли 1937 намоиш доданд.
Аввалин операи тоҷик «Шӯриши Восеъ» аст, ки онро С. Баласанян таълиф намудааст. Муаллифони либретто устодон Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ буданд. Нахустнамоиши он ба ифтихори 10 - солагии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 16 октябри соли 1939 баргузор шуд. Онро соли 1941 дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва низ намоиш доданд.
Тавре аз ин ҳама бармеояд, шӯриши Восеъ аз оғоз дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Он дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ ва расидан ба қадри неъмати озодию истиқлол таъсири мусбат мегузорад. Аз ин рӯ, месазад, ки дар ташвиқу тарғиби он ба ин мақсадҳои наҷиб аз нав тадбирандешӣ шавад. Фикр мекунам, ки таҷлили 130 - солагии шӯриши Восеъ дар сохту замони нав оғози он хоҳад гардид. Хушбахтона, дар ин маврид маводҳои зиёде вуҷуд доранд ва таҷдиди онҳо барои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ бисёр муҳим аст.
Абдулқодири РАҲИМ ,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 752

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед