logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҚИТЪАИ ЗАМИН

Дар ноҳияи Тоҷикобод зимни гузарондани санҷиши кормандони кумитаи давлатии идораи замини ноҳия 16 ҳолати ғайриқонунии истифодаи қитъаи замин ошкор гардид.

Тавре Назриддин Худойдодов, раиси кумитаи идораи замини ноҳия иттилоъ дод, нисбат ба 5 ҳолати қонуншиканӣ дар ин самт дастур ва дар робита ба 11 ҳолати дигар протоколу қарорҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо дар ин самт ба далели истифодаи ғайриқонунӣ, яъне бидуни  ҳуҷҷати истифода ва напардохтани маблағи андози замин сабт шудаанд. Танҳо як ҳолати ғайримақсаднок истифода бурдани замин ва як ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ошкор гардидааст. Кормандони кумитаи идораи замини ноҳия баҳри истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани донишу малакаи кишоварзон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсадноки замин, бунёди боғу токзорҳо аз ҳисоби заминҳои лалмӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ мондаанд.
Зимнан, дар ноҳия бо мақсади таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ  272,59 гектар ҷудо гардида буд. Бо сабаби дур будани заминҳои ҷудогардида аз маҳалҳои аҳолинишин ва пайдо шудани эрозияи хок шаҳрвандон аз гирифтани қитъаҳои замин даст кашиданд. Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи танзими замин оид ба иваз намудани 85,87 гектар ба 65,60 гектар таҳия гардида, ба  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар заминҳои боқимонда, ки 186,72 гектарро ташкил медиҳанд, дар асоси қарорҳои комиссияи ҷамъиятӣ дар майдони 140,75 гектар ба 720 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол 10 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта, 12 нафар соҳибкор барои сохтмон дар заминҳои ғайрикишоварзӣ бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, 8 нафар бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва 11 нафар бо шиносномаи техникӣ таъмин гардиданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 760
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед