logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШГАРОН – ҚАҲРАМОНҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Дар рӯзҳои нахустини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар НКВД (Комиссариати  халқии корҳои дохилӣ) – и СССР ду бригада таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин бригадаҳо курсантҳои мактаби олӣ ва байникишварии вилоятҳои Ростов ва Горкий (алҳол Нижегородск), кормандони  Кумитаи давлатии бехатарӣ, корҳои дохилӣ бахусус, варзишгарон  - ихтиёриён ба теъдоди 800 нафар шомил буданд.

Дар миёни онҳо Устодони хизматнишондодаи варзиш, устодони варзиш, мураббиён, чемпионҳои  СССР, Аврупо ва ҷаҳон бародарон Серафим ва Георгий Знаменский, конкитоз Анатолий Капчинский, боксгар Николай Королев, гӯштигир Григорий Пилнов, футболбозони клуби «Динамо» (Минск – Беларус) ва ғайраҳо низ буданд.
Асосан сарбозони ин бригадаҳо бавижа, варзишгарон дар ақибгоҳи ҷабҳа ва отрядҳои партизанӣ меҷангиданд. Қаҳрамони чандинкаратаи СССР оид ба бокс Николай Королев дар бисёр амалиётҳои ҷангӣ  иштирок карда, ду маротиб фармондеҳро  аз майдони ҷанг берун оварда, ӯро аз марг наҷот дод.
Гурӯҳи боксгарони Борис Галушкин супоришҳои ҷангиро дар ақибгоҳи душман иҷро мекарданд. Боре онҳо  ҷанговари маҷрӯҳшудаи отряди партизанҳоро аз тариқи хати ҷабҳа бо пайраҳаҳои  ҷангал ва ботлоқзор ба минтақаи амн, ки тӯлаш 120 километр буд, интиқол доданд. Барои чунин шуҷоат ба фармондеҳи  отряд Борис Галушкин пас аз маргаш унвони  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
 Супоришҳои сангини ҷангиро лижаронон бар уҳда  доштанд ва дар иҷрои амалиётҳои муҳорибавӣ онҳо шуҷоату далерӣ, худфидоию қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Аз ин рӯ, дар байни варзишгарони ҷанговар бештар аз ин саф – А. Дяконов, В. Знаменский, чемпиони мамлакат В. Мягков унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сарфароз гаштаанд.
Устоди варзиш оид ба шамшербозӣ Д. Балаханов, ки дар ҷанги тан ба тан ҳалок гардидааст, пас аз маргаш Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дониста шуд.
Таҳияи
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 443

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед