logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ БА ҲАЖДАҲ РАСИДАМ…

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Ванҷ беш аз 250 ҷавон ба ҷабҳа рафт. Аксари онҳо дар набардҳои хунин ҳалок гардида, танҳо ҳаштод нафар ба зодгоҳ баргашт. Ҳоло дар ноҳия танҳо як нафар собиқадори ҷанг Муҳаммадниёз Мухторов дар қайди ҳаёт аст. Ин марди шуҷоъ ба синни мубораки 90 расида бошад ҳам, хотираи қавӣ дорад.
Каҳрамони мо аввали соли 1944 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ ба қатора савор шуда, ба хати пеши ҷабҳа рафт. Дар ҳайати яке аз полкҳои пиёдагарди тирандозии ҷабҳаи дуюми Украина вориди майдони ҳарб шуд. Ротаи онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ баҳри озод кардани ҷумҳуриҳои Украина, Беларус ва Молдова иштирок кард. Қисмҳои танкӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши артиш, ки ба он генерал Ватутин фармондеҳӣ мекард, ин кишварҳоро паси ҳам аз гитлерчиён озод намуданд. Охири соли 1944 ва аввали соли 1945 барои озод кардани як қатор мамлакатҳои Аврупо аз истилои душман муҳорибаҳои шадид ҷараён доштанд. Ниҳоят 8 - уми майи соли 1945, ҷанги хонумонсӯз  ба охир расид. Ҷанговарони полки пиёдагарди тирандозӣ, ки дар он Муҳаммадниёз хизмат мекард, рӯзи Ғалабаро дар пойтахти Полша, шаҳри Варшава, ки гитлерчиён вайрону валангор карда буданд, истиқбол гирифтанд.
Имрӯз бобои Муҳаммадниёз бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои  ҳамешагии Ҳукумати  кишвар давлати пирӣ меронад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 300

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед