logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Сангин Ҳафизов аз зумраи шахсони наҷибест, ки дар ҷумҳурӣ ӯро хуб мешиносанд. Пиндору гуфтору  кирдорҳои некаш  дар роҳи беҳбудӣ ва хушу гуворо  шудани зиндагии одамон аз забонҳо бар забонҳо рафтааст.
Ӯ зимни суҳбатҳо бештар аз лаҳзаҳои пурмасъулияташ, ки дар соли 1973 рух додаанд, ёдовар мешавад. Бо тавсияи роҳбари вақти ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов котиби якум - сарвари ноҳияи Рӯдакӣ (он замон ноҳияи Ленин) таъйин шуда буд. Вай то ин дам пас аз хатми коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов, баъд Донишгоҳи фарҳанги Москва дар вазифаҳои муаллими ин коллеҷ, солҳои зиёд сарвари Созмони ҷавонони ноҳия, аввал муовин, сипас раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳия фаъолияти пурсамар дошт. Ташаббускорию ҷӯяндагӣ, масъулиятшиносию соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро хуб дарк карда тавонистанаш асоси ба зинаҳои роҳбарӣ расиданаш гардиданд.
Суханони Ҷаббор Расулов дар лавҳи хотирааш сахт нақш бастааст: Кумитаи Марказӣ номзадии шуморо ба вазифаи котиби якум – сарвари ноҳия тавсия кардааст. Таҷрибаи хуби корию ҳизбӣ доред ва боварии комил аст, ки аз уҳдаи ин вазифа мебароед». Ин суханон ҳам эътимоду боварӣ ва ҳам бори гарони масъулиятшиносӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дарпешистода буданд.
Дар солҳое, ки Сангин Ҳафизов роҳбари ноҳия буд, истеҳсоли пахта ба 28 – 30 ҳазор тонна расид. Хоҷагиҳои  махсусгардонидаи меваю сабзавот, гӯшту шир, тухм ва гӯшти парранда таъсис ёфтанд. Боғдорию токпарварӣ дар талу теппаҳо ва заминҳои лалмӣ вусъати  тоза гирифт. Дар ноҳия  садҳо ҳазор тонна  маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда, қисми зиёди он берун аз ҷумҳурӣ фиристода мешуд ва ба ивази ин мошинолоту техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти  сохтмонӣ, оҳану тахта ва дигар маводҳои зарурӣ меомад.
Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, манзилӣ – коммуналӣ ва мактабҳо низ  вусъат пайдо кард. Дар ин давра беморхонаи марказӣ, дорухонаю бунгоҳҳои тиббӣ, 63 мактаб дорои аз 800 то 1640 ҷойи нишаст, мактаби бачагонаи мусиқӣ, ҳаммом, муҷассамаи хотиравии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд ёфта, садҳо километр роҳҳои ноҳиявию байни деҳаҳо асфалтпӯш карда шуданд. Саҳми ӯ инчунин, дар интихобу таъйини  кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва тарбияву ба камол расондани онҳо шоиста арзёбӣ мешавад.
Соли 1983 муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ таъйин гардид. Фаъолияти пурсамари ӯ дар рушди осорхонаю китобхонаҳои кишвар дар ёди бисёр кормандони соҳа то ҳанӯз боқист.
Сангин Ҳафизов дар соли пурошӯби 1937 дар шаҳри Душанбе ба дунё меояд. Падари тамоман ҷавонаш замони дар батни модар будани ӯ ҷаҳонро падруд мегӯяд. Модараш бо духтараш Давлатбибӣ ва Сангини ҳанӯз кӯдак дар парастории бародараш Бухор  мемонанд, ки инсони заҳматкашу бонуфуз буд. Дар ин миён Давлатбибӣ ба Зардакшо Иброҳимов ба шавҳар мебарояд ва Зардакшо Сангину модарашро ба парастории худ мегирад. Сангин Ҳафизов бо миннатпазирӣ борҳо изҳор доштааст, ки ин марди асил дилсӯзу ғамхораш будаву ӯро бо меҳнатдӯстӣ, хондану аз мушкилиҳо наҳаросидан ҳидоят кардааст.
Ин пири кор аз он ифтихор дорад, ки дар солҳои истиқлолият дар кишварамон дигаргуниҳои азим ба амал омаданд ва мардуми мамлакат ба оянда некбин аст. То замоне инсонҳое мисли Сангин Ҳафизов, ки дар ободонии  сарзаминамон, бунёди иншоотҳои бузург, тарбияи наслҳои идомабахши кори падарон бо мо мебошанд, муҳаббат ба зиндагӣ, фидокорию ҷасорат, садоқату некукорӣ боқӣ монда, идома меёбад.
А. ШАРИФЗОДА,
М. МИРБОБОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 483

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед