logo

иҷтимоиёт

ДАР ҲАСРАТИ БАРОДАРИ ГУМШУДА

Падарам гоҳ – гоҳ аз бародараш Шералӣ Раҳмонов дар назди мо ёдовар мешуд. Ба ин ҳангом беихтиёр мегирист ва оби чашмашро манъ карда наметавонист. Ба ҳар бор саъй мекард, то аз рӯзгори ӯ бе оби дида ҳикоят бикунад, аммо ба ин ҳеҷ муваффақ намегардид.

Аз рӯи нақли падарам бародараш муассисаи таҳсилоти миёнаи асосиро бо баҳои хубу аъло хатм карда буд. Дар мактаби деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор аз рӯи зарурат, яъне нарасидани муаллимон таълиму тарбияи хонандагонро ба уҳда мегирад. Бо оғози ҷанги Финляндия ихтиёран ба фронт меравад. Ҳарчанд аз рӯи имтиёзе, ки барои омӯзгорон муқаррар карда буданд, бояд намерафт.
Дар куҷо маълумоти ҳарбӣ гирифтааст, маълум нест. Ин қадар медонем, ки рутбаи ҳарбӣ доштааст. Баъдан дар муҳофизати шаҳри Москва ширкат варзидааст. Пайваста аз корзор, яъне фронт нома менавиштааст, ки ҳолаш хуб мебошаду бар зидди фашистони гитлерӣ меҷанганд. Маҷрӯҳ низ гардидаву ба табобат фаро гирифта шудааст.
Баъдҳо, яъне аз соли 1942 алоқа қатъ мегардад. Аз ӯ дигар нома намеояд. Модараш барои ин писари дӯстдораш, ки хонадор нашуда буд, ҳамеша мегирист. Ҳамаи номаҳои аз ӯ расидаро дар ин маврид дар наздаш мегузошт. Ҳеҷ кас монеи ин амалу гиряаш намешуд, зеро медонистанд, ки ин ягона воситаи таскинбахшиаш буд. Дунёро ӯ ба ин сурат падруд гуфт. Вазъи падарам низ, тавре ёдовар шудам, хуб набуд. Ғамаш сол ба сол дар ҳасрати бародари гумшудаву модари ҷигарсӯхтааш меафзуд. Ва ӯ низ соли 2001 аз олам чашм пӯшид, албатта, бо андуҳу ҳасрат. Мегуфт, ки суроғи бародарашро бигирем, ҷустуҷӯяш бикунем, шояд зинда бошад, охир дар бораи вафоташ ҳеҷ маълумоте нарасидааст. Ман баъдҳо дарёфтам, ки дар он рӯзгор номаҳои сиёҳро ба хотири наафзудани ранҷу андуҳ ва ноумедӣ ба соҳибонашон намерасондаанд. Ин номаҳо ҳанӯз ҳам маҳфузанд.
Чӣ қадар афсӯс хӯрдам, ки хотираҳои падарамро дар бораи бародари ҷавонмаргаш на навиштам ва на сабт кардам. Барои ин худро ҳанӯз ҳам набахшидаам, агарчи бас ранҷ мебарам. Ин хатоест, охир, ки ман онро дигар ҳеҷ гоҳ ислоҳ карда наметавонам.
Баъдҳо ба ҳама мақомотҳо, шахсони масъул чи дар Русия ва чи дар кишварамон дар ин хусус муроҷиат кардам. Посухам медоданд, ки номи чунин ҷанговарро ҳеҷ пайдо нанамудаанд. Дарёфтам, рӯзноманигор Аскар Абдусамадов бо номи «Садоқат» аз корнамоиҳои ҷангии нафароне, ки аз ноҳияи Фархор дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштаанд, китобе таълиф карда ва ба нашр расондааст. Дар саҳифаи 201 – уми он дар рӯйхати ҷанговароне, ки фавтидаю бе ному нишон гардидаанд, номи амакам – Раҳмонов Шер навишта шудааст.
Ҳамин тавр, дар бораи амакам дигар ҳеҷ маълумоте пайдо карда натавонистам. Оре, агарчи бисёр мехостам, ки ормонҳои падару модарашро ба ин васила бишканаму рӯҳашонро шод бинамоям. Бо ин ҳама, ноумед нестам, чун дунё ба умед аст. Бовар дорам, ки рӯзе ин гуна ҷанговарони тоҷикро нафаре пайдо мекунад ва дар бораи зиндагию диловариҳояшон менависад. Ба ин хотир аст, ки дар бораи онҳо мегӯянду менависанд: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад». Ман ба ин гуфтаву навишта бовар дорам. Аммо бисёр мехоҳам, ки дар ин хусус бештару бештар тадбирандешӣ шавад. Аз рӯзгори иштирокчиёни ин ҷанг боз ҳам китобҳо таълиф намоянд. Шумораи ин ҷанговарон сол ба сол камтар мешавад. Онҳо хотираҳои зиёдро аз ин ҷанг, ки мислашро таърихи инсоният надидааст, бояд нақл бикунанду бо худ набаранд.
Қурбоналӣ РАҲМОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 412

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед