logo

фарҳанг

БАЛҶУВОН - ЗОДГОҲИ СЕ ҚАҲРАМОН

Солҳо мегузаранд, аммо номи неки онҳое, ки барои ҳимояи Ватан ва ба ин рӯзи босаодат расидани халқ аз худ шуҷоату қаҳрамонӣ нишон додаанд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо нахоҳад рафт.

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърихи инсоният даҳшатбортарин маҳсуб мешуд. Ин ҷанги хонумонсӯз ягон фарди бошуури Ватани паҳноварро бетараф нагузошт. Чун сафарбари ба ҷанг оғоз шуд, бархе ҷавонони ноҳияи Балҷувон бо шунидани ин хабари шум ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешуданд. Танҳо дар моҳи июли соли 1941 аз ноҳия 172 нафар ба ҷабҳа фиристода шуд. Дар солҳои баъдӣ аз 260 деҳаи ноҳия 7696 нафар ба ҷанг сафарбар гашт.
Ҷавонмардони балҷувонӣ дар озод намудани шаҳру деҳаҳои Украина, Белоруссия, Молдова, кишварҳои Назди Балтика ва дигар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ қаҳрамонона ҷангида, дар Ғалаба бар фашизм саҳми худро гузоштанд. Дар солҳои ҷанг аз вилояти Хатлон ҳашт нафар барои корнамоиҳои бемисл дар набардҳои шадид сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд, ки се нафараш - Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев аз ноҳияи Балҷувон мебошанд.
Саидқул Турдиев cоли 1912 дар деҳаи Хонаободи ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1942 аз шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати полки 342 - уми тирандозии дивизияи 136 - уми армияи 38-уми ҷабҳаи Воронеж бар зидди фашистон ҷангидааст. Шаби 2 октябри соли 1943 яке аз аввалинҳо шуда дарёи Днепрро дар назди деҳаи Казачийи вилояти Киев убур кард. Дар ин ҷанги шадид, ки барои ба даст овардани мавқеъ мубориза мерафт, 3 октябр қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро дар шаҳри Киев ба хок супурданд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС, аз 10 январи соли 1944, барои далерӣ ва шуҷоат ба ӯ унвони олии Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Сафар Амиршоев 15 декабри соли 1912 дар деҳаи Заргари Ҷамоати деҳоти Садайбардайи ноҳияи Балҷувон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Моҳи декабри соли 1941 ба ҷанг рафта, дар ҳайати батареяи  5 - уми дивизиони  2 - юми полки  206 - уми артиллерии дивизияи  8 - уми артиллерии захираҳои Сарфармондеҳи олии ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж ба сифати сардори дастаи тӯпчиён бо душман ҷангидааст.
16 июли соли 1944 душман бо 17 танк ба муқобили батареяи 5 - ум ҳуҷум кард. Сафар Амиршоев дар муҳорибаи мазкур ярадор шуда бошад ҳам, аз майдони ҳарб берун нашуд. Охирин бор ресмони тирандозии тӯпро ба шаст кашид ва худ ба рӯи пояи тӯп афтод. Тӯп сахт такон хӯрду танки душман оташ гирифт. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС, аз 25 сентябри соли 1944, ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Исмат Шарифов соли 1915 дар деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон таваллуд шуда, соли 1942 аз ноҳияи Данғара ба сафи Армияи Сурх пайваст. Дар ҳайати полки 861-уми тирандозии дивизияи 294 - уми армияи 52 - юми ҷабҳаи 2 - юми Украина ҷангида, 9 марти соли 1944 дар назди деҳаи Дмитрушкии ноҳияи Умани вилояти Чернигов ду пулемёти душманро аз кор баровард. Ҳамон рӯз дар озодсозии шаҳри Уман фаъолона иштирок карда, се мошини душманро бо аслиаҳааш тарконда, даҳҳо гитлерчиро нест кард ва худаш қаҳрамонона ҳалок шуд. Ҷасади ӯро дар қабристони бародарии шаҳри Обелеи Латвия ба хок супурданд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС, аз 13 сентябри соли 1944, ба Исмат Шарифов унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.  
Мо - насли имрӯз бояд аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрат гирем, таърихи халқамонро пайваста омӯзем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз намуда, ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон омода бошем. 
Эмомалӣ НАБИЕВ,
Самандари РАҶАБАЛӢ,
донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 644

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед