logo

иҷтимоиёт

РАҲМАТ ҚУДРАТОВ: "ҲАР ЧАҲОРУМИН СОКИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГ ШИРКАТ ДОШТ"

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки ҳар сол дар мамлакати мо ба таври хос сурат мегирад, нишони пос доштани хотираи фарзандони содиқи халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба садоқати ватандорист.

Раҳмат Қудратов,  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки ҳамон солҳо ҳар як чаҳорумин сокини ҷумҳурӣ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар шудааст. Зеро теъдоди аҳолии кишвар соли 1941 ба 1 миллиону 200  ҳазор нафар баробар буд. Имрӯз синни иштирокчиёни дар ҳаётбудаи ҷанг аз 93 боло буда, куҳансолтарини онҳо Остон Саидов, сокини деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ мебошад, ки ба 100 - солагӣ қадам ниҳодааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 56 ҳазор тоҷикистониён бо ордену медал, аз ҷумла 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени "Шараф" мушарраф  гардидааст. 
Раҳмат Қудратов зикр кард, ки ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  пеш аз ҳама, бо ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дастгирии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, барои онҳо як қатор имтиёзҳо дода шуд. Аз ҷумла, ташкили табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, хизматрасониҳои нақлиётию коммуналӣ, ҷудо намудани ёрдампулии яквақта ва доимӣ ба собиқадорон рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.
- Дар идомаи ғамхориҳо имсол низ бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як иштирокчӣ 3000 сомонӣ ҷудо шуда, аз ҷониби масъулони давлатӣ ба онҳо дастрас гардид. Қобили зикр аст, дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ дар пайравӣ ба ғамхориҳои Президенти маҳбуби кишвар собиқадорон бо туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ мешаванд, ки боиси сарфарозист, - изҳор дошт Раҳмат Қудратов.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 440

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед