logo

иҷтимоиёт

ҶБВ. САҲМИ ТОҶИКИСТОНИҲО ДАР ҒАЛАБА БУЗУРГ АСТ

Ҳамасола мардуми шарафманди Тоҷикистон дар радифи халқу миллатҳои дигари ҷаҳон Рӯзи Ғалабаро ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд.
Солҳои 1941-1945  беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ ба ҷанг сафарбар гардида, 92 ҳазори онҳо дар майдони ҳарб кушта шуданд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 447 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шумули панҷ зан дар қайди ҳаёт ҳастанд. Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг 93 ва бузургтаринаш 100 сол дорад.
Умуман, дар муҳорибаҳои ҶБВ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.
Барот Сафаров аз ҷумлаи иштирокчиёни ин ҷанг буд, ки 11 январи соли 1942 дар қатори дигар ҷавонмардони асили Ватан ба фронт фиристода шуд. Ӯ он замон ҷавонтарин иштирокчии ҷанг буд, ки ҳамагӣ ҳаждаҳ сол дошт. Саҳми ӯ ва дигар тоҷикон дар Ғалаба бузург аст, зеро Барот замоне ба майдони ҷанг ворид шуд, ки шаҳри Москваро хатари зиёд таҳдид мекард. 
Тавре худи ӯ мегӯяд: «Аз понздаҳ кишвари Иттиҳоди Шӯравӣ дар як урдугоҳи низомӣ онҳоеро, ки соли таваллуди 1924 буданд, ҷамъ карданд. Мо он ҷо 6500 нафар будем. То моҳи май он ҷо машқ кардем. Ҳуҷуми фашистон шаҳри Москваро таҳдид мекард ва моро ба муқобили он ва таъмини амнияти Москва бурданд. Сипас, бо дастури Сталин артиши 7000 - нафара таъсис ёфт, ки фашистонро дар се шабонарӯз 200 километр аз Москва ақиб шинондем. Ҳамроҳи мо садҳо нафар ҷавонмардони ҳамватанамон дар ин муҳорибаҳо алайҳи душман сина сипар намудаанд,- гуфт Барот Сафаров.
Имрӯз бобои Барот ба синни 93 расида, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амнияти сартосарии Тоҷикистони азиз давлати пирӣ меронад. Хизматҳои шоистаи ин қаҳрамон барои ҳифзи Ватан, миллат ва таъриху фарҳанг дар сафҳаи таърих бо ҳарфи заррин сабт шуда, барои абад дар хотири наслҳои оянда нақш хоҳад гузошт. 
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 411

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед