иҷтимоиёт
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. ТОҶИКОН ВА ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Чуноне ки медонем, 22 июни соли 1941 неруҳои мусаллаҳи Германия бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карданд. Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии он ба ҷанги зидди СССР тайёрӣ дида, 18 декабри соли 1940 директиваи рақами 21 - ро, ки номи рамзиаш "Барбаросса" буд, тасдиқ намуданд. Нақшаи "Барбаросса" стратегияи ҷанги "барқосо", яъне бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ва то хати Архангелск - Волга ишғол кардани хоки шӯравиро пешбинӣ менамуд. Фашистон ба суст шудани пояи давлати сермиллати шӯравӣ ва бесомон гаштани ақибгоҳи мамлакат умед баста буданд.
Дар ҷанги зидди СССР душман 190 дивизия, 18 бригада (5,5 миллион кас), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт ва қариб 5 ҳазор самолёт гирд овард. Артиши Шӯравӣ бошад, он лаҳза дар ихтиёри худ 2,9 миллион нафар сарбоз, 1800 танк, 1540 самолёти навъи нав дошту халос.
Халқи шӯравӣ ғалабаи оламшумули таърихӣ ба даст оварда, озодӣ ва истиқлолияти Ватани худро нигоҳ дошт. 9 май рӯзи иди умумихалқӣ - Иди Ғалаба эълон шуд.
Дар размгоҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар (25 дарсади аҳолии ҳамонвақта) ҷавонмардон баҳри дифои давлати хеш бархостанд. Баъди хотимаи ҷанг доманаи 100 ҳазор нафар ба зодбуми хеш барнагаштанд. Ин дар ҳолест, ки соли 1941 аҳолии Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 300 ҳазорро ташкил медод. Беш аз 7 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз нобуд гаштаанд.
Барои диловарӣ ва ҷонфидоӣ 54 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гашта, 15 нафар сарбозону афсарон дорандагони се ордени "Шараф" мебошанд.
Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор сарбозони маҷрӯҳ табобат ёфтаанд. Аз ин ҳисоб 25 ҳазорашон ба ҷабҳа баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд. Ба поси хотири эшон дар баландиҳои қисмати шарқии шаҳри Душанбе маҷмааи ёдбуд ва чароғи фурӯзон бунёд шудааст.
5 майи соли 2014 дар шаҳри Санкт - Петербург (собиқ Ленинград) - и Русия ба хотири ҷанговарони шуҷои Тоҷикистон, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озод намудани шаҳри Ленинград шаҳид шудаанд, Лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2017 №: 93 Мутолиа карданд: 467