иҷтимоиёт
ТАЪРИХИ ЯК ОРЗУ
Ҳилолиддин гӯшае нишаста, дар олами андешаҳо замони хурдсолияшро ба ёд меовард. Лаҳзаҳои кӯдакӣ. Аҷаб замони хубу зебост. Бозиҳои фараҳбахшу фаромӯшношуданӣ. Бо бедор шудан аз хоби ноз дарҳол аз паси бозиҳои ширини кӯдакона. Аз ин айёми рангину ҷаззоб хотироти зиёде инсонро ҳамсафар мегардад ва чун ибтидои умр аст, орзуҳои бузургтар низ дар ҳамин лаҳзаҳо тавлид мешаванд. Маҳз дар ин даврон инсон меҳр, муҳаббат, садоқат ва дӯстиро меомӯзад. Ин аст, ки онро ибтидои кулли комёбиву муваффақиятҳо медонанд.
Дар баробари дигарон, Ҳилолиддин низ орзу дошт, ки соҳибкасбу муваффақ гардад. Дар маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ширкат менамуду соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегашт. Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино василаи расидан ба орзуяшро наздиктар мегардонд. Китобҳои заруриро мутолиа мекард, то нозукиҳои касби хешро аз худ намояду дар ҷодаи интихобкардааш комёб гардад. Ҳилолиддин Назаров, хуб медонист, ки хилъати сафед ба бар кардану аз ҳоли дардмандон хабар гирифтан кори саҳл нест. Нафароне ба ин тоб меоранд, ки иродаву ҷасорати қавӣ доранд.
Имрӯз Ҳилолиддин Назаров, яке аз ҷавононе мебошад, ки дар соҳаи тиб ҳамчун мутахассиси муваффақу комёб шинохта мешавад. Ӯ чандин усули ҷарроҳиро ихтироъ намудааст, ки “Тарзи пешгирии ғайриқобилии анастомози рӯдаҳои ғафсу рост”, “Тарзи ташаккулдиҳии анастомози рӯдаҳои росту ғафс”, “Тарзи диагностикаи нодории анастомозҳои рӯдаи ғафс”, “Тарзи диагностикаи барвақт ва профилактикаи нодории анастомози рӯдаҳои ғафс” аз ин ҷумлаанд.
Ҳилолиддин дар бораи ихтирои аввалини худ – “Тарзи пешгирии ғайриқобилии анастомози рӯдаҳои ғафсу рост”, ки аз тарафи Маркази миллии патенту иттилоот тасдиқ карда шуд, чунин гуфт:
- Ҳангоме ки рӯдаи беморон муваққатан аз девораи шикам ба берун бароварда шудааст, онҳо ранҷ мекашанд. Роҳи ягонаи бартараф намудани ин мушкилӣ ҷарроҳӣ аст. Яъне, барқарор намудани бефосилавии рӯда. Замоне пештар ҳангоми сарбасар дӯхтани рӯда ба шумораи зиёди кӯкҳо авлавият дода мешуд, ки ин, мутаассифона, дар аксар ҳолат боиси нобасомонии кӯкҳо мешуд. Ба ҳамин хотир, мо пешниҳод кардем, ки зимни барқарор намудани бефосилаи рӯда шумораи кӯкҳо кам карда шавад. Ва чун ин усул дар амал татбиқ гашт, натиҷаҳои хуб ба даст омаданд.
Ҳамин дастовардҳои илмию ихтирооташ буд, ки соли 2015 сазовори унвони табиби ҷарроҳи дараҷаи якум ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардид. Ин ҳама муваффақиятҳо ба ӯ осон даст надодааст, онҳо маҳсули заҳмат ва саъю кӯшишҳои пайваста мебошанд.
Ассистенти кафедраи «Бемориҳои ҷарроҳии № 1» Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Ҳилолиддин Назаров муаллифи 17 ихтироот, 3 асари илмӣ, 2 дастури таълимию методӣ ва 41 мақолаи илмӣ мебошад.
Айни ҳол ӯ ният дорад ду ихтирои дигарашро ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниҳод намояду онҳо низ дар амал татбиқ гарданд. Талош дорад, ки дар оянда бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир дар пешрафти соҳаи тибби кишвар саҳми арзандаи худро бигузорад.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2017 №: 93 Мутолиа карданд: 514