logo

иҷтимоиёт

ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. АЗ ҚУРБОНӢ ТО ҚАҲРАМОНӢ

Дар шикасти фашизми гитлерӣ дар баробари дигар халқу миллатҳо нақши тоҷикон низ назаррас буда, қаҳрамонии онҳо дар майдони муҳорибаҳо ва ақибгоҳ бемислу монанд аст. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҷанг дивизияи 20 - уми кӯҳӣ - саворӣ аз шаҳри Душанбе ба Маскав фиристода шуд.

Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг аз худ қаҳрамонию шуҷоат нишон додаанд, 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд. Аз ҷумла, дар набарди шаҳри Курск, ки дар таърих бо номи Камонаки Курск ёд мешавад, Ҳодӣ Кенҷаев ба ин унвони олӣ соҳиб шуд. Тӯйчӣ Эрйигитов, ки бо синаи худ даҳони амбразураи душманро пӯшида, бар ивази ҷони худ роҳи пешравии қӯшунҳоро таъмин карда буд, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашт.
Пас аз фавти фармондеҳи ротаи 229 - и миномётии Фронти Марказӣ дар Украина роҳбарии ротаро сержант Ҳайдар Қосимов ба зимма гирифт ва аввалин шуда, аз дарёи Припят гузашт. Дар ин амалиёт садҳо фашист нобуд ва яроқу лавозимоти ҷангии онҳо мусодира гардид. Фармондеҳи полки 229 Шишков ва сарфармондеҳи Фронти Украина генерал Рокоссовский ин ҷонфидоӣ ва диловарии Ҳайдар Қосимовро қаҳрамонии бемисл маънидод карда, ӯро ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод намуданд.
Беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ иштирок намуда, ҷоннисорӣ намудаанд. Зиёда аз 50 ҳазори онҳо бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шуда, 92 ҳазор дар ҷанг ҳалок гардиданд. Дар  ақибгоҳ ба хотири ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм дар саҳро ва заводу фабрикаҳо занону мардон ва ҳатто кӯдакон бе рӯзи истироҳат кор карда, ғалабаро таъмин менамуданд. Тибқи тадқиқоте, ки Роҳат Набиева, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, анҷом додааст, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи Тоҷикистон ширкат варзидааст. Аз ин теъдод 350 нафар снайперчӣ, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар телефонист ва 4195 нафари онҳо тирандоз будаанд.
Дар солҳои ҷанг бо меҳнати шабонарӯзии мардум дар Тоҷикистон  истеҳсоли ангишт 244 ҳазор тоннаро ташкил медод, ки нисбат ба соли 1940 - ум 40 ҳазор тонна зиёд, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ аз 200 ҳазор метр дар соли 1945 то 3 миллион метр зиёд гардид. Истеҳсоли пахта 178 ҳазор тонна ва нахи пахта 770 тоннаро ташкил дода, чандин миллион метр матои шоҳӣ ва даҳҳо тонна маҳсулоти гуногун дар ҷумҳурӣ истеҳсол гардиданд. Аз  соли 1941 то соли 1946 дар Тоҷикистон беш аз 20 корхона ва сех ба фаъ-олият шурӯъ намуд. Маҳз дар ҳамин давра аз ҷониби колхозу совхозҳо 1,5 миллион пуд ва аҳолӣ 65 ҳазор пуд ғалла барои фронт супурда шуд. Сокинони Тоҷикистон дар солҳои ҷанг барои истеҳсоли танк бо номи “Колхозчии Тоҷикистон” 84 миллион рубл ва барои истеҳсоли авиаэскадрилияи “Тоҷикистони Советӣ” 35 миллион рубл ба хазинаи давлат ворид намуда буданд.
Махсусан, замони дар муҳосираи фашистон қарор доштани шаҳри Ленинград бо роҳи пинҳонии «Роҳи ҳаёт» - и кӯли Ладога аз Тоҷикистон ба ин шаҳр марсулка (посилка) ва 151 вагон маҳсулоти ғизоӣ фиристода шудааст. Дар ҳамон солҳои вазнин мардуми Ленинград дар ҷавоб ба дастгирии сокинони мамлакат китобҳои дарсӣ ва бадеиро ба забони тоҷикӣ нашр ва ба Тоҷикистон интиқол дода буданд.
Бояд таъкид намуд, ки мардуми шӯравӣ на танҳо бо яроқ, балки бо сухан низ ба муқобили фашизми истилогар меҷангиданд. Маҳз ҳамин якдилию баробарӣ ва дӯстию ҳамдигарфаҳмии халқҳои гуногуни шӯравӣ барои шикасти Олмони фашистӣ замина гузошт. Дар рӯзҳои аввали ҷанг дар ҷамъомади нависандагон эълон дошта буданд, ки ҳар як нависандаи шӯравӣ омода аст неру, таҷриба,  истеъдод ва хуни худро, агар зарур бошад, барои кори хайр ва ҷанги мардумӣ ба муқобили душмани Ватани азизи худ медиҳад. Дар давраи ҷанг ду ҳазор шоиру нависандаи миллату халқиятҳои гуногун ба ҷабҳа рафта, чорсад нафараш барнагашт. Аз ҷумла, шоирону нависандагон ва муҳаққиқоне дар мисоли Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода ва Абдушукур Пирмуҳаммадзода аз Тоҷикистон дар майдони набард бо фашизми гитлерӣ қурбон шуданд.
Адабиёти тоҷик, ки тӯли ҳазорсолаҳо саршор аз нигоштаҳои зиддиҷангӣ буд, дар солҳои ҷанг бо диди нав вориди адабиёти ҷаҳонӣ гардид. Асарҳои насрии устод Садриддин Айнӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ”, шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Абдусалом Деҳотӣ, асарҳои насрии Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва Раҳим Ҷалил дар кушодани симои душмани бадтинати инсоният нақши муҳим гузоштанд.
Ҷалолиддин АМИРОВ,
сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 532

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед